Неруҳои миллии Афғонистон дар роҳ ба сӯи Қундуз 1 октябри соли 2015

Ҷангиёни Толибон дар Афғонистон 7 сарбозу 12 сокини осоиштаро рабуданд

10
(Таҷдидшуда 16:40 12.11.2015)
Tolonews инчунин бо истинод ба мақомоти маҳаллии вилояти Пактиё аз дӯзидашудани 12 сокини осоиштаи ин минтақа ҳам аз сӯи ҷангиёни Толибон хабар додааст.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши террористии Толибон дар вилояти Сари пули Афғонистон 7 сарбози нерӯи миллии ин кишварро рабудаанд, хабар додааст Tolonews бо истинод ба мақомоти маҳалли ин вилоят.

Волии Сари пули Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ваҳдат гуфтааст, баррасиҳои аввалия нишон додаанд, ки заминаи рабудани ин сарбозон аз сӯи ҳамкоронашон барои Толибон фароҳам карда шудааст.

"То ҳол маълум нест, ки ҷангиёни Толибон ин сарбозонро ба куҷо бурдаанд ва баррасиҳо дар ин бора аллакай шуруъ шудааст", афзудааст ӯ.

Tolonews инчунин бо истинод ба мақомоти маҳаллии вилояти Пактиё аз дӯзидашудани 12 сокини осоиштаи ин минтақа ҳам аз сӯи ҷангиёни Толибон хабар додааст.

"Ин 12 сокини ғайринизомӣ савори се мошин буданд, ки дар роҳ аз сӯи ҷангиёни Толибон боздошт шуда, ба ҷойи номаълум интиқол ёфтаанд", гуфтааст вулусволии Сайидкарами Пактиё Ниёзмуҳаммад Халил.

Манбаъ афзудааст, ки гуруҳи Толибон дар ин бора ҳанӯз расман чизе нагуфтааст.

10
Барчаспҳо:
Пактиё, Сари пул, рабудан, ҷангиён, вилоят, сарбоз, Толибон, Афғонистон, афзоиши теъдоди ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон, "Толибон", Ниёзмуҳаммад Халил, Муҳаммадзоҳир Ваҳдат, Пактиё, Сари пул, Афғонистон