Бухоро: парваришгоҳи шутурмурғ мисли минтақаи экотуризм

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкШутурмурғ. Акс аз бойгонӣ
Шутурмурғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хоҷагии фермерии “Мурғак”, парваришкунандаи шутурмурғҳои африқоӣ дар Бухуро ба минтақаи табиатгардӣ (экотуризм) табдил меёбад.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бухоро бар иловаи тамошои парандаҳои аҷибу ғариб инчунин метавон савғотиҳо аз пуст ва тухми шутурмурғ ҳам пайдо кард.

Хоҷагии фермерии "Мурғак" парваришкунандаи шутурмурғҳои африқоӣ дар Бухоро ба минтақаи гардишгари (экотуризм) табдил меёбад, ки дар он ҷо сокинон ва меҳмонони ин минтақа метавонанд, аз тамошои товуси сафеду фазан ва парандаҳои аҷибу ғариб лаззат бибаранд, навиштааст бахши узбакии Sputnik бо истинод ба нашрияи "Правда Востока".

Сайёҳон дар Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои тамошобоб барои сайёҳон шомил шуд

Раҳбари ин хоҷагии фермерӣ Мубин Махкамов мегӯяд, дар ин парваришгоҳи ӯ инчунин савғотиҳо аз пӯст ва тухми шутурмурғро ҳам метавон пайдо кард.

"Имрӯз мо барои тавсеаи тиҷорати худ имкониятҳои зиёд дорем ва чаро аз он истифода накунем?! Бахусус, вақте давлат ин қадар дастгирӣ мекунад ва қарз ҷудо менамояду имтиёз медиҳад", — афзуд ӯ.

Хоҷагии фермерии "Мурғак" ҳамасола 500-600 ҳазор тухми шутурмурғ истеҳсол карда, беш аз 300 кило гушти ин парандаро ба бозор ворид мекунад.

Махкамов ба парвариши шутурмурғ аз соли 2011 ба ин сӯ машғул аст. Хоҷагии вай дар масоҳати як гектар замин ҷойгир аст.

Лентаи хабарҳо
0