Мадрасаи Шердор дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ

Таасуроти Навоз Шариф аз Самарқанд: фаромӯшношуданӣ ва олӣ

20
(Таҷдидшуда 10:51 19.11.2015)
Оромгоҳи амир Темур ва маҷмааи Регистон ҳам ба меҳмонон таассурот гузошта, онҳо бо як шавқу рағбати зиёд намоишгоҳи масолеҳи дастии маҳаллиро ҳам тамошо кардаанд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Нахуствазири Покистон Навоз Шариф рӯзи чаҳоршанбе аз шаҳри Самарқанд боздид кардааст. Ба меҳмонон на танҳо манзараҳои диққатангези шаҳри бостонӣ, балки заводи нави мошинбарориро ҳам нишон доданд, навиштааст Sputnik-и Ӯзбакистон.

Дар рӯзи дуюми сафари худ ба Ӯзбакистон Навоз Шариф дар ҳамроҳӣ бо нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзоев аз шаҳри Самарқанд боздид кард, ки дар онҷо бо маҷмааи Имом Бухорӣ ва санъати назаррабои меъмории шаҳр ошно гардид.

Ба гуфтаи меҳмонон, тамошои ин шаҳр, ки ҳамчун рамзи фарҳанги бостонӣ ва нишонаи давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ба онҳо таассуроти фаромӯшнашуданӣ гузоштааст.

Оромгоҳи амир Темур ва маҷмааи Регистон ҳам ба меҳмонон таассурот гузошта, онҳо бо як шавқу рағбати зиёд намоишгоҳи масолеҳи дастии маҳаллиро ҳам тамошо кардаанд.

Ҳайати Покистон дар ҷараёни ин сафар инчунин шоҳиди намоишгоҳи мошинҳои боркаш ва автобусҳои мусофирбару техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Узбакистон шудаанд. Диққати меҳмононро мошинҳои боркашу автобусҳои мусофирбари истеҳсолшаванда "МАN" ва "Isuzu" дар заводҳои шаҳри Самарқанд — "JV MAN Auto Uzbekistan" ва "СамАвто" ҷалб кардааст.

"Ин техникаҳо аз рушди бемайлони соҳаи саноати Ӯзбакистон хабар медиҳад. Мошинҳои боркаш ва таҷҳизоти муосири кишоварзии истеҳсолшаванда дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфӯз баёнгари дурнамои ҳамкориҳои самарабахш бо Узбакистон аст", — гуфтааст Навоз Шариф.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Тошканд музокироти дуҷониба миёни раҳбарони Ӯзбакистону Покистон баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ин мулоқот вазъ дар Афғонистон, ҳамгироии Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду тарафро баррасӣ карданд. Дар ҳошияи ин музокирот як қатор санадҳо ба имзо расид.

20
Барчаспҳо:
Шариф, Навоз, боркаш, мошинбарорӣ, Самарқанд, Узбакистон, "СамАвто", "JV MAN Auto Uzbekistan", Созмони Ҳамкории Шанхай, Шавкат Мирзоев, Навоз Шариф, Самарқанд, Ӯзбекистон, Покистон

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

257
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

257
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон
Пассажирский самолет

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

714
(Таҷдидшуда 13:34 28.09.2020)
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон ҳушдор додааст, ки дар сурати бетаваҷҷӯҳии меҳмондорони ҳавопаймоҳо ба мавозини исломӣ дар пӯшиш ва ороиш, ба онҳо ҳамла хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) бо интишори эъломияе ба ширкати ҳавоии “Kam Air” ҳушдор додааст, ки агар то як ҳафта меҳмондорони зан ҳиҷоби исломиро риоят накунанд ва даст аз ороиш бар надоранд, ҳавопаймоҳои ин ширкатро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд дод ва масъуляти баъдӣ ба дӯши мудирияти “Kam Air” хоҳад буд на Толибон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Бино бар иттилои манбаъ, Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) ҳамчунин гуфтаанд, ки меҳмондорони зан ҳақ надоранд бидун маҳрами шаръӣ вориди ҳавопаймо шаванд.

Дар эъломияи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) омадааст, ки тамоми ширкатҳои ҳавоӣ мукаллаф ба пайравии ин аҳком ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон дар ҳоле ин эъломияро содир кардаанд, ки музокироти сулҳ дар Давҳаи Қатар мутаваққиф шудааст ва тарафайн то кунун ба тавофуқе даст наёфтаанд.

714
Барчаспҳо:
ширкат, исломӣ, ҳушдор, ҳавопаймо, Толибон, Афғонистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1823
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1823