Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Ҷопон барои таҳкими марз дар ҶТ $2,3 млн. дод

22
(Таҷдидшуда 13:16 10.03.2016)
Дар доираи лоиҳа азнавсозии як қатор гузаргоҳҳо ва нуқтаҳои санҷишӣ байни Тоҷикистону Афғонистон бо мақсади тақвияти амният ва субот дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада ва намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ Ашита Митад лоиҳаи "Тақвияти амният дар марзҳои вилояти Хатлон"-ро ба имзо расониданд, хабар медиҳад сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон.

Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 2,2 миллион доллар ҷудо мекунад.

Мақсади лоиҳа азнавсозии як қатор гузаргоҳҳо ва нуқтаҳои назоратӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ва баланд бардоштани амнияту субот дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ аст.

Дар баробари ни ҳукумати Ҷопон барои намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон наздики 5,3 миллион доллар бо мақсади амалии лоиҳаи "Пешгирӣ ва табобати бемориҳои кӯдакон дар Тоҷикистон" ҷудо менамояд.

Лоиҳа ба коҳиши фавти кӯдакон тавассути беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ ба ваксинаҳо ва маводҳои доруворӣ дар муассиҳои тиббӣ нигаронида шудааст.

 

22
Барчаспҳо:
пост, бунгоҳҳо, таҳкими марз, тақвияти сарҳад бо Афғонистон, лоиҳа, амният, Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, Сафорати Ҷопон дар Душанбе, Ашита Митад, Такаши Камада, Токио, Ҷопон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷопон барои рушди дзюдо дар ҶТ 90 ҳазор доллар медиҳад

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

76
Сар аз оғози соли хониш дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаш хонандаи мактаб мубталои маризии коронавирус шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар Қазоқистон 6 хонанда мубталои маризии коронавирус шуданд, хабар медиҳад сардухтури санитарии Нурсултон Жанна Пралиева.

Ба изҳори ӯ, аз шаш хонандаи сироятёфта, 2 нафараш бидуни аломат мубтало шуда, дар чаҳор кӯдаки дигар нишонаҳои ин маризӣ пайдо шуданд.

61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия

Пралиева мегӯяд, танҳо як кӯдак ба муассисаи таълимӣ меомад ва "шояд дар мактаб мубталои коронавирус шуда бошад".

"Панҷ толибилми дигар бошад, таълими фосилавӣ мегирифтанд ва сарчашмаи ба беморӣ гирифтор шудани онҳо номаълум аст", - изҳор дошт сардухтури санитарии Нурсултон.

Гузашта аз ин, ба маълумоти ин намояндаи тандурустӣ дар Нурсултон се кӯдаки боғчарав низ гирифтори коронавирус шуданд.

Жанна Пралиева мегӯяд, агар аз замони авҷ гирифтани вируси COVID - 19, аксар нафарони аз 45 то 60 сола боло мубтало мешуданд, ҳоло бештар ин вирус кӯдакону мактаббачаҳоро "сайд" мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Нурсултон сар аз 13 - уми март то имрӯз, 14 084 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт гардидааст.

76
Барчаспҳо:
маризӣ, толибилм, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Музокироти сулҳи Афғонистон мутаваққиф шуд

270
(Таҷдидшуда 13:36 28.09.2020)
Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Давҳаи Қатар оғоз шуда буд, ба хотири ихтилофи назар дар барномаи кории музокирот миёни ду ҳайати музокиракунанда мутаваққиф шудааст

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Садои Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, бо гузашти ду ҳафта аз оғози гуфтугӯҳои сулҳи ҳайатҳои гуфтугӯкунандаи давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  дар Давҳа, пойтахти Қатар манобе дар Қатар мегӯянд, ки барномаи кории музокирот таҳиянашуда ва рӯзи гузашта ҳеч дидоре миёни ду тараф баргузор нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, як узви ҳайати гуфтугӯкунандаи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон ҳамоҳанг нестанд ва ба ҳамин далел гуфтугӯҳо мутаваққиф шудааст.

Ин узви Толибон(мамнуъ дар қаламрави Русия)  гуфтааст, ки аъзои ҳайати давлати Афғонистон аз ҷараёнҳо ва аҳзоби мухталиф намояндагӣ мекунанд ва замоне, ки ба нишаст меоянд, хости ҷадидеро матраҳ мекунанд ва бо наздик шудан ба натиҷаи ниҳоӣ аз нишаст мераванд ва пас аз бозгашташон ба маҷлис, таъбирашон тағйир мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нодир Нодирӣ, узви ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон гуфтааст, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ба дунболи музокироти муҷаддад дар мавриди бархе ҷанбаҳои тавофуқе аст, ки онон дар 29 феврал дар Давҳа бо Амрико ба тавофуқ расиданд.

Нодирӣ гуфт, ки Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  бо ҳадаф қарор додан нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар талош аст то давлатро дар Кобул таҳти фишор қарор диҳад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистони ибрози умедворӣ кардааст, дар ин давр битавонанд бо Толибон дар бораи оташбас ба як тавофуқи матлуб даст ёбанд.

270
Барчаспҳо:
барнома, ихтилоф, мутаваққиф, сулҳ, музокирот, Афғонистон

Тоҷикистон аз ҷиҳати нерӯи барқи арзон минёи кишварҳои ИДМ яке аз пешсафон эълон шуд

0
Ҳукумати Қирғизистон арзиши миёнаи тарифҳои барқро дар кишварҳои ИДМ ҳисоб кардааст, ки пастаринаш дар ин кишвар ва баландтаринаш дар Русия ва Белорус будааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Омори нархҳои барқ ​​дар кишварҳои ИДМ дар гузориши ҳукумати Қирғизистон ҷамъбаст карда шуд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки дар кишварҳои ИДМ таносуби манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ ​​гуногун аст, ки ин ба арзиши истеҳсоли он бевосита таъсир мерасонад.

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

Гуфта мешавад, то санаи 19 сентябри соли 2020 бо доллари ИМА, тарифи барқ ​​дар Қирғизистон аз ҳама пасттарин - 0,01 доллар барои 1 кВт / соат аст.

Тоҷикистон ва Узбакистон низ аз рӯи нархномаҳо миёни пешсафон қарор доранд, ки барои 1 кВт / соат 0,02 доллар пардохт мекунанд.

Аммо Русия ва Беларус дар байни кишварҳои ИДМ ба кишварҳое табдил ёфтанд, ки тарифҳои гаронтарин доранд: дар он ҷо сокинон бояд барои як киловатт дар як соат то 0,1 доллар пардохт кунед.

Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Ин аз он сабаб аст, ки дар Русия ва Беларус нерӯи барқ ​​асосан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад, ки нисбат ба гидроэнергетика хеле гаронтар аст.

0
Барчаспҳо:
нарх, барқ, Қирғизистон, Тоҷикистон