Намояндагони гуруҳи ҷангии Толибон. Акс аз бойгонӣ

Дар шимоли Афғонистон шаш пулис аз сӯи “Толибон” кушта шуданд

30
(Таҷдидшуда 18:05 04.04.2016)
Ҳодиса рӯзи якшанбе дар минтақаи Мурдиён ба вуқӯъ пайваст. Ҷангиён ба кормандони пулис ҳамла оварда, яке аз онҳоро бо худ бурданд. Феълан, амалиёт барои озод намудани пулиси рабудашуда идома дорад.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши "Толибон"  дар деҳкадаи Ҷузҷон, ки дар шимоли Афғонистон дар сарҳад бо Туркманистон ҷойгир аст, ба кормандони пулис ҳамла карда, шаш пулисро ба ҳалокат расонидаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Khaama Press.

Тибқи маълумоти хабаргузорӣ, ҳодиса рӯзи якшанбе дар минтақаи Мурдиён ба вуқӯъ пайваст. Як масъули мақомоти давлатии минтақа Забеуллоҳ Зоҳид (Zabiullah Zahid) иттилоъро дар бораи ҳамла тасдиқ намуд ва илова кард, ки як пулиси дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ба гуфти Зоҳид, ҷангиён як корманди дигарро ба асорат гирифтанд. Феълан барои озод намудани ӯ амалиёт идома дорад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буданд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.

Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" зиёд шудааст.

30
Барчаспҳо:
пулис, қурбонӣ, ҷанг, Давлати исломӣ, ДИИШ, гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ", Кормандони пулиси Афғонистон, Забеуллоҳ Зоҳид (Zabiullah Zahid), Кобул, Мурдиён, Афғонистон
Мавзуъ
Инфиҷори мошини боркаш дар Кобул чанд манзилро тахриб кард
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Нахустин дар Осиёи Миёна: оғози эмгузаронӣ аз COVID - 19 дар Қазоқистон

247
(Таҷдидшуда 12:02 03.08.2020)
Маркази байналмилалии эмгузаронии Қазоқистон нахустин бор аз коронавируси навъи COVID - 19 эмгузаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Қазоқистон нахустин довталабро аз Covid - 19 эм карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ин довталаб раҳбари Маркази байналмилалии эмгузаронии назди Донишгоҳи кишоварзии Қазоқистон Кайсар Табинов шуд.

Дору, ки аз ҷониби коршиносони австралиягӣ омода шудааст, COVAX-19 ном гирифт.

"Худро бо COVAX-19 эм кардам. Феълан худро хуб ҳис мекунам. Ягон ҳолати номусоидӣ эҳсос намешавад", - гуфт Табинов.

Ба гуфти ӯ ин дору дар навбати аввал дар бадани 40 довталаб озмоиш мешавад. Пас аз се моҳ ба озмоиши оммавӣ оғоз хоҳанд кард, ки дар он 100 ҳазор нафар аз 10 кишвари дунё довталаб хоҳад шуд.

Дар ин миён, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, барои баргузории озмоиши клиникӣ бояд ҳуҷҷатҳои вижа пешниҳод шавад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Вале, то имрӯз аз ҷониби Маркази байналмиаллии эмгузаронӣ ҳуҷҷате пешниҳод нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар хабар дода шуд, ки дар Донишгоҳи ба номи Сеченови Русия озмоиши клиникии ваксинаи зидди коронавирус анҷом ёфт.

247
Барчаспҳо:
нахустин, эмгузаронӣ, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Представители движения Талибан, архивное фото

Дар се рӯз дар Афғонистон беш аз 4 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуданд

112
(Таҷдидшуда 02:21 03.08.2020)
Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ахиран боз 317 зиндонии дигари гурӯҳи Толибон аз зиндонҳо озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дафтари Шӯрои амният милли Афғонистон хиран дар баёниае эълом кард, бо озодии  317 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар се рӯзи таътилоти иди Қурбон теъдоди афроди озодшудаи ин гурӯҳ аз зиндон ба 4 ҳазору 917 нафар расид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Дар баёнияи дафтари Шӯрои амнияти миллии Афғонистон омадааст , раванди озодии зиндониёни Толибон то такмил шудани 5 ҳазору 100 зиндонӣ идома дорад. 

Дар ҳамин ҳол, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсиии Толибон дар Қатар ҳам гуфт, ин гурӯҳ раванди озодии як ҳазор нафар аз зиндониёни давлати Афғонистонро такмил карда ва Кобул низ бояд боқимондаи зиндониёни Толибонро озод кунад.

Гуфта шудааст, ки озодии ин зиндонён яке аз пешшартҳои муҳимм барои аз саргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толиибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст. 

Ин дарҳолест, ки гурӯҳи Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Афғонистон идома медиҳад.

112
Барчаспҳо:
мақомот, озод, зиндон, Толибон, Афғонистон
Рахимзода посетил семью Эмомовых

Ҳадяи хотиравии Аҳмадзода ба хонаводаи Эмомовҳо

0
(Таҷдидшуда 17:14 03.08.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз хонаводаи аз хонаводаи Эмомовҳо боздид карда ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшоҳ Эмомов ва аҳли оилаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.

Манбаъ афзуда, ки оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқро захира намудааст. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ омода намуда истодаанд.

"Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард", - омадааст дар хабарнома.

Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

0
Барчаспҳо:
ҳадя, кумак, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд