Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳамгоми мубориза бо ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳор. Акс аз бойгонӣ

Дар Афғонистон тайи як шабонарӯз 40 ҷангӣ нобуд карда шуд

41
(Таҷдидшуда 18:27 21.04.2016)
Аз вазорати мудофиаи Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки амалиётҳои ҷустуҷӯӣ дар вилоятҳои Ғазна, Ҳирот ва Нангаҳор гузаронида шуданд. Дар бораи талафот аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дода намешавад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар пайи як амалиёти вижа, ки дар як қатор минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, дар давоми як шабонарӯз зиёда аз 40 ҷангиро нобуд сохтанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хабаргузории Khaama Press.

Мувофиқи изҳороти вазорати мудофиаи Афғонистон амалиётҳои ҷустуҷӯӣ дар вилоятҳои Ғазна, Ҳирот ва Нангарҳор гузаронида шуданд. Дар маҷмӯъ, 40 ҷинояткор нобуд карда шуда, 20 тани дигар захмӣ шуданд. Дар бораи талафот аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳ хабар дода намешавад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" зиёд шудааст.

Шурӯъ аз 18 то 22 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон омӯзиши ҳарбӣ бо иштироки кишварҳои СПАД, ки омодагии худро барои мубориза бо ҳаракати "Толибон" нишон медиҳад, баргузор мегардад.

41
Барчаспҳо:
нобудсозӣ, ҷустуҷӯ, дастгир, амалиёт, Давлати Исломӣ, СПАД, Толибон, Нангарҳор, Ғазнӣ, Ҳирот, Афғонистон
Мавзуъ
Дар шимоли Афғонистон шаш пулис аз сӯи “Толибон” кушта шуданд
Молодожены держатся за руки

Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад

2575
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди баргузории маросими издивоҷ қарори навбатӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун қарантин, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус эълон гардида буд, сабуктар мешавад. Сабук гардидани маҳдудиятҳо аз 15 - уми август шурӯъ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо сабук шудани маҳдудиятҳо, фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, кори боғча, лагерҳои кӯдакона, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин пляжҳо аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, бо қарори Мирзиёев ба баргузории маросими издивоҷ низ тағйироти нав шомил шуд.

Ҳамакнун, маросими арӯсӣ дар ин кишвар на дар тарабхона, балки дар хонаи издивоҷкунандаҳо ва ё дар ҳавлии онҳо баргузор мешавад.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Инчунин, теъдоди меҳмонон низ набояд аз 30 нафар бештар бошад.

Қаблан, гузоришҳо дар мавриди мубтало шудани теъдоди зиёди одамон, ки дар маросими арӯсӣ дар Ӯзбекистон иштирок карданд, нашр гардида буд.

Ҳатто дар як маросими хонадоршавӣ, наварӯс пас аз маросими издивоҷ гирифтори коронавирус шуд.

Дар Тоҷикистон низ айнан чунин тартибот дар маросими хонадоршавӣ ҷорист. Агар қаблан баргузор кардани тӯй бо ҳузури 100 нафар иҷозат дода шуд, баъдан теъдоди меҳмононро то 40 нафар коҳиш доданд.

2575
Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

621
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

621
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Школьники в масках

Ноиби сарвазири Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то талабаҳо мубталои COVID-19 нашаванд

0
(Таҷдидшуда 20:59 14.08.2020)
Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон, ҳангоми санҷиш дар шаҳри Роғун ва навоҳии Рашт камбудиҳои зиёд дар бахши мубориза бо COVID-19 ошкор кардаст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Гуруҳи корӣ таҳти раёсати Ширин Исматуллозода аз шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш боздида карда, вазъи соҳаи тандурустӣ ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро санҷидаанд, хабар дод “Ховар”.

“Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “агар ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд”.

Исматуллозода дастур дод, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шудаст, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда шаваду ҳар як омӯзгор 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷудо кунад.

0
Барчаспҳо:
пешгирӣ, беморӣ, талабагон, Тоҷикистон