ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Беш аз 20 кас дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон бо иттиҳоми "вайрон кардани қонун дар бораи тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои мусолиматомез" ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллии ин кишвар, инҳо ашхосеанд, ки ба ҳар шева мавқеъашонро дар қиболи ислоҳоти эҳтимолии ҳукумати Қазоқистон баён намуда, дар бораи тазоҳуроте, ки гӯиё рӯзи 21 май эълон шудааст, ҳарф задаанд.
Аз ибтидои ҳафтаи равон пулиси Қазоқистон фишор болои фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар бораи ислоҳоти замину баргузории тазоҳуроти рӯзи 21 май дар "масъалаи замин" ибрози назар мекунанд, бештар кардааст.
Гуфтанист, шурӯъ аз рӯзи сешанбеи гузашта ба ин сӯ дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон беш аз 20 кас ҳабс шудааст. Ҳатто додгоҳҳо нимашаб дигарандешонро ҳабси маъмурӣ таъин мекунанд.
Зимнан, созмони "Freedom House" бо нашри як баёния аз Остона даъват кард, фавран фаъолонро озод намояд. Қаблан низ коршиносони СММ дар умури ҳуқуқи инсон ба ҳукумати Қазоқистон муроҷиат карда, хостори қатъи боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар шуда буданд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ эълом кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида тавофуқ бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА.
Пештар Антони Блинкин, ки аз сӯи Байден номзади ҳидояти вазорати хориҷа шуд, дар ҷаласаи пурсишу посух бо намояндагон дар маҷлиси Сенати ин кишвар гуфта буд, ки тавофуқи давлати Трамп бо Толибонро баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳоле аст, ки манобее аз давлати Афғонистону Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои тавофуқи давлати Трамп бо Толибон, мунтазири вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоти ӯ огоҳ шаванд.
Рӯзи 20 феврали соли гузашта мақомҳои Амрико ва Афғонистон эълом карданд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО нерӯҳояшонро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистони хориҷ хоҳанд кард, дар сурате ки Толибон ба таъаҳҳудоташ бар асоси тавофуқе, ки дар Давҳа имзо карданд, пойбанд бошад.
Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлат муддаӣ аст шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.
Тавофуқномаи сулҳи Амрико ва ниманизомиёни Толибон баъд аз 11 даври музокирот дар ҳоле ба имзо расид, ки бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон, Амрико ба гурӯҳи Толибон дар умури дохилии ин кишвар иҷозаи мудохила додааст.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.
Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.
Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.
Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард
Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.
"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.
Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд
Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд.
"Дар маҷмӯъ то имрӯз, 24 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз аввали ҳамагирии коронавирус то кунун 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 30 апрели соли 2020 эълон шуда буд.