Сӯхтор дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ

Дар маркази савдои Megaplanet-и Тошканд сӯхтор ба амал омад

20
(Таҷдидшуда 17:19 28.06.2016)
Дар бастагӣ бо ҳодисаи сӯхтор имрӯз дарҳои маркази савдо баста шудааст. Кормандон ба тоза намудани ошёнаҳои болоӣ аз ақибатҳои сӯхтор ва ба хомӯш намудани он машғул ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Субҳи рӯзи сешанбе дар маркази фароғатӣ фарҳангӣ ва савдои Megaplanet сӯхтор ба амал омад, иттилоъ медиҳад МЧС Узбакистон.

Бино ба маълумоти пешакӣ бино бо сабаби оташ гирифтани яке аз нуқтаҳои ошпазхона, ки дар ошёнаи болоӣ-чоруми бинои маркази савдо воқеъ аст, оташ гирифтааст.

Чуноне шоҳидон хабар медиҳанд бар асари сӯхтор касе зарар надидааст.

Айни замон дар бастагӣ бо ҳодисаи сӯхтор  дарҳои маркази савдо баста шудааст. Кормандон ба тоза намудани ошёнаҳои болоӣ аз ақибатҳои сӯхтор  ва ба хомӯш намудани он машғул ҳастанд.

20
Барчаспҳо:
сӯхтор, МЧС Узбакистон, Ӯзбекистон
Студенты на лекции

Вокуниши донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи низомии Қазоқистон ба ихроҷи худ аз ин донишгоҳ

92
(Таҷдидшуда 10:07 18.01.2021)
Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ду донишҷӯии тоҷикистонии риштаи афсарӣ, ки ахиран аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар шимоли ин кишвар ихроҷ шудаанд , ин иқдомро ғайриинсофона унвон кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

 Зиёратшоҳ Қурбонов ва  Аваз Қурбонов, ки ахиран дар паи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ аз ин маркази омӯзишӣ ихроҷ шудаанд , муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.

Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

 Гуфта мешавад дар ин донишгоҳ 37 донишҷӯи тоҷик бо квотаи давлати Қазоқистон таҳсил мекунанд.

 Созишномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар соли 2009 миёни мақомоти вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуда аст.

92
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд Душанберо дақиқ кард

657
(Таҷдидшуда 12:31 17.01.2021)
Ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон аллакай рӯз ва соати парвозҳо дар масири Тошканд – Душанберо  эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири  Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.

Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".

657
Барчаспҳо:
парвоз, ҷадвал, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 774 миллион долларро ташкил кардааст

0
Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019 0,8% зиёд аст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон барои соли 2020 1 миллиарду 744 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 34,1 миллион ё 0,8% зиёдтар аст.

Содироти молҳо дар соли 2020 бо афзоиши 19,8% 1406,9 миллиард доллар, воридот - 3150,9 миллиард долларро ташкил дода, 5,9% коҳиш ёфтааст.

Маводи асосии содирот металлҳои қиматбаҳо, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд. Воридотро маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона, маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ медиҳанд.

Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? – омори расмӣ

Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2020 гардид, гардиши савдо 21,4% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Қазоқистон дар савдо дар ҷои дуввум аст - 20%. Зиёда аз 15% - Швейтсария, Чин - 10,4%.

Соли гузашта, дар соли 2019, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 4,5 миллиард доллар буд.

0