Сейсмограф. Акс аз бойгонӣ

Дар сарҳади Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод

80
Заминҷунбӣ дар масофаи 497 километр дуртар аз Алмато ба вуқӯъ пайваст. Маркази заминларза дар чуқурии 10 километр ҷой гирифтааст. Айни замон дар барои талафоти ҷонӣ ва зарари манзилҳои зист маълумот дода нашудааст.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин дар масофаи 497 километр дуртар аз Атмато заминларза бо қувваи 5,1 балл рух дод, иттилоъ дод рӯзи душанбе маркази санҷиши заминҷунбии вазорати маорифи Қазоқистон.

"Маркази заминҷунбӣ дар масофаи 497 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Алмато дар сарҳади Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин ҷойгир шудаастаст",-менависад торногмаи "Новости Казахстан".

Равиши замин соати 8.24 бо вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминҷунбӣ дар чуқурии 10 кмлометрӣ ҷой гирифтааст.

Дар бораи талафоти ҷонӣ ва зарари  манзилҳои зист то ҳол маълумот дода нашудааст.

Қирғизистон дар минтақаи хавфи баланди заминларзаҳои то 9 баллӣ қарор дорад. Моҳи ноябри соли гузашта дар ин минтақаҳо қувваҳои ларзиш зиёд шуда буд. Дар натиҷа дар вилояти Оши Қирғизистон қувваи ларзиши замин ба 6 бал расида боиси хароб гаштани 4 ҳазор манзили зист ва обектҳои ҷамъиятӣ гардид. Зиёда аз 300 оила бепаногоҳ монд.

80
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (20)
Мавзуъ
МЧС: дар Қирғизистон дар давоми ду рӯз 29 маротиба замин ҷунбид
Заминларза дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

217
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

217
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Такси, архивное фото

Ронандаи рус духтари тоҷикро дар Маскав аз таҷовуз наҷот дод

3994
(Таҷдидшуда 11:47 30.05.2020)
Ба телефони ҳамроҳи ронандаи таксӣ дар Маскав номаҳои ҳаргуна меомаданд, аввал ӯ фикр кард, ки касе ӯро аҳмақ мекунад

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Ронандаи таксӣ дар Маскав Дмитрий Филин тоҷикдухтари 24-соларо аз дасти таҷовузгарон наҷот дод, нақл мекунад нашриёти "Метро".

Бомдод барои ронандаи таксӣ чун ҳамешагӣ бо қабули фармоиш оғоз шуд. Ӯ соати 4-и саҳар фармоиш гирифту ба ҷои муқарраршуда ҳаракат кард.

Ронанда даррав безобита шуд, чун дар баробари фармоиш ба ӯ номаҳои зиёде мемомад, вале ҳатто дар сурати холӣ будани роҳҳо Дмитрий дар навбати аввал таваҷҷӯҳи худро ба роҳ банд мекунад.

"Ин духтар аз ман ёрӣ мехост, дар аввал ман нафаҳмидам ӯ чӣ мехоҳад. Баъд ӯ пурсид, оё ман номаҳоро мехонам ё не. Баъд навишт: "Маро дар ин ҷо ба зӯрӣ нигоҳ медоранд ба ҳамин суроға милисаҳоро ҷеғ занед". Ман худам пас аз 5 дақиқа аллакай дар ҷои ҳодиса шудам", - нақл мекунад Дмитрий.

Мувофиқи суроғаи таъкидшуда ронанда ба истгоҳи мошинҳои зери маркази савдо дар Троитск расид, вале духтарро он ҷо наёфт ва боз ба чат таваҷҷӯҳ кард, то суроғаро санҷад.

"Ман суроғаро намедонам, намедонам дар куҷоям, илтимос ба милисаҳо занг занед", - навишта буд ӯ. Мумкин ӯ дар ҷое худро пинҳон карда буд, чун бисёр зуд ба номаҳо ҷавоб менавишт. Ман ба ӯ гуфтам, ки дар суроғаи ту фақат мағозае аён аст. Пасон ӯ дар бораи кадом муҳоҷирону вагонҳову сохтмонҳо нақл кард. Ӯ боз ба ман навишт - "Ман тоҷикам". Вақте ӯ гуфт "Маро таҷовуз мекунанд", - фаҳмидам кӣ кор ҷиддист.

Дмитрий ҳамон лаҳза ба мақомоти пулис муроиҷат кард ва ҳамаи номаҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт, вале пас аз чанде номаҳо дастнорас шуданду фақат доду войи духтар шунида мешуд. Мақомоти пулис дарҳол ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд.

Баъди як соат милисаҳо ба ронанда занг зада гуфтаанд, ки гунаҳкорон дастгир шуданду духтар наҷот ёфт. 

"Ман ба эҳсосот дода нашудам. Коре кардам, ки ҳар кас ҳам дар ҷоям мебуд, анҷом медод. Ва вақте, ки ба ман гуфтанд духтар дар амон аст, ман ба корам идома додам", - гуфт Дмитрий.

Дар ширкате, ки Дмитрий Филин кор мекунад, гуфтанд "чунин ронандаҳо қаҳрамонанд" ва ваъда доданд, ки ба ӯ мукофот хоҳанд дод.

3994
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, таҷовуз, наҷотдиҳӣ, Маскав
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

ВУХ Тоҷикистон: давоми 11 рӯз 680 тоҷикистонӣ ва 58 тобут аз Русия ба ватан интиқол ёфт

0
(Таҷдидшуда 15:59 31.05.2020)
Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалиния" боз 49 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Федератсияи Русия ба ватан интиқол дод

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ширкати "Уралские авиалиния" шаби 29 ба  30 - юми  май парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ин ширкат 49 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе интиқо дод.

Гузашта аз ин, 13 тобути шаҳрвандони кишвар низ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сар аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз марказҳои нигаҳдории муваққатии ин кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус ба Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

0
Барчаспҳо:
Русия, шаҳрвандони тоҷик, интиқол, ВУХ ҶТ