Захмӣ шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар Қазоқистон

© Sputnik / Наталья СеливерстоваМошиин ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Мошиин ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дохили автобус, ки аз Қирғизистон ба Русия ҳаракат мекард, 55 мусофир қарор доштанд. Воситаи нақлиётӣ дар масофаи 252 километрии шоҳроҳи Есил-Сурган-Аулиекол чаппа шудаст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Қазоқистон воситаи нақлиётии мусофиркаш, ки аз Бишкек ба Перм (Русия) ҳаракат мекард ба садама дучор шуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ВКД-и вилояти Акломин.

Мувофиқи маълумот рӯзи 18 июл ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Есил дар бораи садамаи нақлиётӣ хабар дода шуд.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, маълум намуданд, ки автобуси мусофиркаш таҳти роҳбарии шаҳрванди 29 солаи Қирғизистон дар масофаи 252 километрии шоҳроҳи Есил-Сурган-Аулиекол  ба ҷоҳ афтода чаппа шудаст. Дар дохили воситаи нақлиётӣ 55 нафар қарор доштаанд.

Дар пайи садамаи нақлиётӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар ҷои ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0