Кор бо компютер. Акс аз бойгонӣ

Танзими кори муштариёни шабакаи интернетӣ дар Узбакистон

25
(Таҷдидшуда 16:05 22.07.2016)
Тибқи лоиҳаи қонун шаҳрвандони Узбакистон танҳо баъди ворид намудани маълумоти шахсӣ (шиноснома) ва рақами телефон ба шабакаи интернет дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон провайдерҳои интернетиро ӯҳдадор мекунад, то маълумот дар бораи  истифодабарандагонро то се моҳ нигоҳ доранд, иттилоъ дод вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии ҷумҳурӣ.

Лоиҳаи қонуни нави қоидаҳои хизматрасонии интернетӣ ва нигоҳ доштани маълумоти истифодабарандагон дар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба баррасии оммавӣ пешниҳод шудааст. Гуфта мешавад, ки баррасии оммавии лоиҳаи қонун то аввали моҳи август анҷом ёфта то охири моҳ ба  вазорати адлия пешниҳод карда хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонун аз ҷумла ба ҷорӣ намудани қоидаҳо оиди дасттрасии муштариён ба шабакаи тинтернетӣ тариқи ворид намудани маълумоти шиноснома ва рақами телефон ва нигоҳ доштани ин маълумот дар муддати се моҳ аз тарафи интернет правайдерҳоро дар назар дорад.

Қаблан вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Узбакистон қарор дар бораи ташкил намудани суроғаи ягонаи фазои интернетӣ (IP-суроға) —ро ба барасии оммавӣ пешниҳод намуда буд. Дар охирҳои моҳи июл ҳуҷҷати мазкур ба вазорати адлия пешниҳод карда мешавад.

25
Барчаспҳо:
нигоҳдории маълумоти муштариён, Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ, Узбакистон
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото

Рӯҳонӣ: пинҳони мубтало шудан ба коронавирус таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон аст

95
(Таҷдидшуда 02:46 06.07.2020)
Раисҷумҳури Эрон гуфт, агар касе бидонад, ки ба вируси корона мубтало шудааст вазифаи шаръӣ ва инсонӣ дорад, ки ба атрофиёнаш иттилоъ диҳад ва худро қарантина кунад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ ахиран дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо вируси корона гуфт,  агар фарде мехоҳад вориди идорае шавад бояд аз ниқоби тиббӣ истифода кунад ва агар накард, набояд ба ӯ хизматрасонӣ карда шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки вуруди кормандон бидуни ниқоби тиббӣ ба идораҳо мамнуъ аст ва агар корманд дар идорае серодам бидуни ниқоби тиббӣ меояд, бояд барои ӯ фаҳмонанд ва ӯро баргардонанд.

Рӯҳонӣ афзуд, набояд иҷоза дода шавад, ки дар метро ва автобус мардум бидуни  ниқоби тиббӣ ворид шаванд ва вазири умури дохила ва ҳамаи шаҳрдориҳо талоши худро ба кор бигиранд ва ҳар ҷо лозим аст аз неруи интизомӣ ва басиҷ истифода кунанд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин афзуд, мавзӯи муҳим ва мавриди таъкиди мо аз рӯзи аввал ин буд, ки бояд худамонро бо ин шароит омода кунем  яъне аз рӯзи аввал гуфтем, ки ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест ва мумкин аст то охири сол ва ҳатто то соли оянда низ идома дошта бошад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, ки мардум бояд то замони тавлиди  дору ва ё ваксина барои муқобила бо ин беморӣ, фарзро бар ин қарор диҳанд, ки ҳама мумкин аст олуда бошанд ва лизо бояд дар иртиботи иҷтимоӣ бо ашхос, ниҳояти диққат ва эҳтиёти лозимро ба амал оваранд.

Ҳамзамон, вай бо ташаккур аз ҳамаи муҳаққиқоне, ки барои ёфтани дору ва ё ваксинаи ин беморӣ талош ва кор мекунанд, ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо идома ёбад ва ба натиҷаҳои мусбат бирасад.

95
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Ҳасан Руҳонӣ, ҳуқуқ, таҷовуз, вирус, Эрон
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии

Фавти 10 мариз дар як рӯз: теъдоди қурбониёни COVID - 19 дар Қирғизистон ба 88 нафар расид

253
Дар Қирғизистон теъдоди қурбониёни коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 10 дардманди коронавирус ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 10 нафар аз маризони коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ.

Бар хабари манбаъ, дар шаҳри Бишкек аз ин беморӣ ду нафар, ду мард ва ду зан фавтиданд. Синну соли 10 қурбонии ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон аз 35 то 81 - сола гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо илова шудани 10 мавриди нав, шумораи умумии қурбониёни вируси COVID - 19  дар ин кишвар ба 88 нафар баробар шуд.

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Ёдовар мешавем, рӯзи ҷумъа низ дар Қирғизистон бар асари маризии коронавирус 10 бемор ҷон бохтанд ва 506 нафари дигар тоза ба ин маризӣ гирифтор шуданд.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, феълан дар дармонгоҳҳои Қирғизистон 638 мариз қарор доранд, ки 99 бемор дар ҳолати вазнин буда, ҳамчунин 19 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Гузашта аз ин, ҳудуди 3 398 нафари дигар, ки бидуни аломат мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шуданд.

253
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
На улице в городе Душанбе, архивное фото

Гармии тоқатфарсо: ҳавошиносон дақиқ гуфтанд имрӯз то чанд дараҷа гарм мешавад

0
(Таҷдидшуда 10:58 06.07.2020)
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
гармӣ, бебориш, камабр, обу ҳаво, Тоҷикистон