ВКХ Узбакистон дар шабакаи YouTube саҳифа кушод

ВУХ-и Узбакистон дар YouTube саҳифа кушод

41
Акнун дар баробари хабари матнӣ истифодабарандагон имкон доранд, хабарро дар шакли видеоӣ низ дар бораи фаъолияти вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дастрас намоянд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон қарор додааст, то имкониятҳои технологияҳои ҳозиразамонро бо пуррагӣ истифода барад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорат.

Акнун муштариёни интернетӣ метавонанд хабарҳоро дар саҳифаи расмии ВУХ-и Узбакистон аз шабакаи YouTube дастрас намоянд.

"Умед дорем, ки аз ин ва баъд хонандагони саҳифаҳои расмии ВКХ дар Facebook ва акнун YouTube  имкон пайдо мекунанд то аз фаъолияти ҳукумати кишвар, корҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва умуман дар бораи дастовардҳои Узбакистон дар шакли видеороликҳо шинос шаванд",-омадааст дар иттилоия.

Дар ҳоли ҳозир дар шабакаи YouTube 19 видеороликҳо бо забонҳои русӣ ва узбакӣ пешниҳод шудаанд.

41
Барчаспҳо:
саҳифа, YouTube, шабакаи интернет, ВКХ Узбакистон, Узбакистон
Мавзуъ
Танзими кори муштариёни шабакаи интернетӣ дар Узбакистон
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

123
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

123
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

172
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

172
Приветственная Стелла в город Варзоб, архивное фото

Дар ноҳияи Варзоб дигар коронавирус нест?: мақомот ба муовини сарвазир чӣ маълумот доданд?

0
(Таҷдидшуда 12:15 03.06.2020)
Дар ҷаласаи як ҷаласа мақомоти ноҳияи Варзоб ба муовини сарвазири кишвар иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки 2 июн дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, гузориш дода шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки зимни ҷаласа ба муовини сарвазири кишвар гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи  ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир Ширин Исматуллозода ба мақомоти ноҳия дастур додааст, ки корҳои безараргардониро давом дода, бо аҳолӣ ҳамеша тамос шаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.

Гуфта шудааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи  дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад.

0
Барчаспҳо:
ҷавоб, беморхона, бемор, муовини сарвазир, вирус, Варзоб, Тоҷикистон