Шӯрои вазирони ВКД-и кишварҳои ИДМ-ро Колоколтсев роҳбарӣ мекунад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВазири вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ
Вазири вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласа, ки дар шаҳри Петербург доир гардид, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус роҳбарии вазирони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ-ро ба Колоколтсев супурда ба ӯ муваффақият таманно намуд.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Вазири вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар ҷаласаи Шӯрои вазирони ВКД-и кишварҳои ИДМ ваколати раиси ин шӯроро ба ӯҳда гирифт.

Вазири умури дохилии ФР Владимир Колоколтсев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Колоколтсев бо медали “Милитсияи Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд

"Дар давраи роҳарии ман ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани терроризму экстремизм аз қаламрави кишварҳои ИДМ хеле хуб ба роҳ монда шуда буданд, барои дастгириатон ибрози ташаккур мекунам. Акнун ман ин ваколатро ба Владимир Колоколтсев месупорам ва ба ӯ муваффақият таманно дорам",-гуфт роҳбари ВКД-и Белорус Игор Шуневич зимни суханронӣ.

Дар навбати худ вазири вазорати корҳои дохилии ФР ба ВКД-и Белорус барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

"Аз номи шӯрои вазирони вазоратҳои корҳои дохилии аъзои кишварҳои ИДМ мехоҳам ба ВКД-и ҷумҳурии Белорус барои ҳамкориҳои судманд дар давраи роҳбариашон изҳори миннатдорӣ намоям",-гуфт Колоколтсев.

Шӯрои вазирони вазоратҳои корҳои дохилии аъзои ИДМ бо қарори Шӯрои роҳбарони ИДМ 19-уми январи соли 1996 бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ташкил карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0