Замир Кобулов. Акс аз бойгонӣ

Кобулов: ҳаводиси Афғонистон вазъияти Тоҷикистонро мушкил месозад

65
Ҳукумати Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон маҷбуранд барои таъмини амнияти сарҳад бо Афғонистон маблағи зиёд ҷудо намоянд, изҳор дошт директори дипартаменти ВКХ ФР Замир Кобулов.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Мушкилоти амният дар Афғонистон вазъиятро дар Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон боз ҳам шиддатнок мегардонад, изҳор дошт намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон, директори дипартаменти ВКХ Русия Замир Афғонов.

"Албатта, Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки худ ғарқи мушкилиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиянд мушкилот зам мекунад ва онҳо маҷбур мешаванд барои таъмини амният дар сарҳад бо Афғонистон  маблағи иловагӣ сарф кунанд. Дуюм ин, ки дар ҳамаи кишварҳои номбаршуда,  "сутуни панҷум"-шарикони Давлати Исломӣ ва дигар гурӯҳҳои муташакили ҷиноятпеша мавҷуд аст, ки дар навбати худ метавонанд аз ҷониби ин гурӯҳҳо аз дохили Афғонистон дастгирии идеологӣ ва ҳарбӣ бигиранд",-гуфт Кобулов зимни нишасти хабарӣ дар МИА "Россия сегодня".

"Маълум аст, ки тавассути сарҳади Афғонистон ба Тоҷикистону Туркманистон дохил шудану берун баромадан ҳамоно идома дорад. Албатта дар Тоҷикистон ин корро кардан наонқадар осон аст, чун қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар хуб обутоб ёфтаанд ва дар баробари ин дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми Русия мустақар аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тавассути роҳҳои кӯҳӣ, дарраҳо, чашмаҳо ҳамоно натанҳо ба Тоҷикистон, балки дуртар ба Қирғизистон низ террористон метавонанд роҳ ёбанд",-илова кард ӯ.

Ба қавли Кобулов дар Туркманистон бошад вазъият мушкилтар аст, чун сарҳад васеъ буда, дифо ва назорати он  барои қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар наонқадар осон аст.

65
Барчаспҳо:
дифои сарҳад, таъсири авзоъи Афғонистон, Замир Кобулов, Туркманистон, Тоҷикистон, Афғонистон
Мавзуъ
СҲШ барои беҳтар намудани авзоъи Афғонистон талош хоҳад кард
Врач проводит осмотр пациента, архивное фото

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 99 нафар расид

184
Шумораи ҳолатҳои фавт аз коронавирус дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар шудааст. Вазорати тандурустӣ омори нави фавт аз ин бемориро нашр кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

184
Барчаспҳо:
фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пациенту ставят капельницу, архивное фото

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

1144
Кубатбек Боронов сарвазири Қирғизистон аз эҳтимоли зиёд шудани ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус дар манотиқҳои ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Кубатбек Боронов дар ҷаласаи ситоди марказии ҷумҳуриявӣ гуфт, ки мақомоти минтақавӣ бояд ба афзоиши мавориди мубталошавии шаҳрвандон ба коронавирус ва ё илтиҳоби шуш омода бошанд.

Ӯ таъкид намуд, ки аз ҳоло бояд дар минтақаҳо захираи маводи доруворӣ пурзӯр карда шавад. Ҳамчунин сарвазир ба таъмин намудани минтақаҳои Қирғизистон аз табибони ҳирфаӣ таъкид кард.

269 ҳолати ҷадид ва фавти 3 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

"Дар Бишкек, бинобар шумораи зиёди маризон, беморхонаҳо зуд пур мешаванд ва дар дармонгоҳҳо кормандони тиб намерасанд. Аз ин рӯ, мақомоти минтақавӣ бояд ба ҳолати афзун шудани шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш омода бошанд. Вазъияте, ки ҳоло дар пойтахт дида мешавад, набояд дар дигар минтақаҳо такрор шавад", - афзудааст Боронов.

Зимнан, сарвазири Қирғизистон тактикаи мубориза бурдан бо коронавирус дар минтақаҳоро баён намуд:

"Таҷриба нишон дод, ки ба мо танҳо катҳои хоб лозиманд. Мо бояд ҷойҳоро барои беморони вазнин ва беморони миёна омода кунем. Барои онҳое, ки шакли сабук доранд, бояд дар утоқҳои алоҳида бистарӣ шаванд. Ҳоло дар Бишкек духтурон ва ҳамшираҳои шафқат намерасанд. Ҳамаи ин нозукиҳоро дар минтақаҳо бояд ба назар гирифт", - илова намудааст сарвазир дар ҷаласа.

Дар Қирғизистон вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус бисёр ваҳим аст. Теъдоди қурбониёни вируси COVID - 19 дар Қирғизистон наздик ба 100 нафар расидааст. Ҳамарӯза дар ин кишвар то 500 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

1144
Барчаспҳо:
сарвазир, захира, маводи доруворӣ, афзоиш, маризӣ, Қирғизистон
День 8 июля

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 21:55 07.07.2020)
Рӯзи ҳаштуми июл дар Тоҷикистон аз Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат қайд гирифта мешавад

Рӯзи 8 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1948 бомбаандози реактивии "Ил-28" аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи "The Wall Street Journal", ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Cоли 2004 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Cоли 2010  дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Каюков.

Соли 1948 – рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.

Соли 1950 – ходими давлатӣ Бобохон Маҳмадов.

Соли 1959 – ҳофиз, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.

Соли 1964 – раққоса, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон