Духтари президенти Қазоқистон вакили сенат таъин шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДарига Назарбоева. Акс аз бойгонӣ
Дарига Назарбоева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дарига Назарбоева қаблан дар ҳукумати Карим Масимов, ки рӯзи 8 сентябр ба истеъфо рафт, ба ҳайси муовини сарвазири кишвар адои вазифа намудааст.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо имзои қарор  Дарига Назарбоеваро вакили палатаи болоии парлумони кишвар таъин намуд, иттилоъ дод хадамоти матбуоти президенти ҶҚ.

"Назарбоева Дарига Нурсултоновна вакили палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон  таъин карда шавад",-омадааст дар матни қарор.

Дарига Назарбоева қаблан дар ҳукумати Карим Масимов, ки рӯзи 8 сентябр ба истеъфо рафт, ба ҳайси муовини сарвазири кишвар адои вазифа намудааст.

Лентаи хабарҳо
0