Мирзиёев тариқи шабакаи ҷаҳонӣ ба доди шаҳрвандон мерасад

© SputnikҚабулгоҳи интернетии Мирзиёев
Қабулгоҳи интернетии Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қабулгоҳи виртуалии Мирзиёев санаи 25-уми сентябр дар портали ҳукуматии gov.uz кушода шуд. Акнун, истифодабарандагони сомона метавонанд дар он ариза, шикоят ва ё пешниҳодҳои худро гузоранд.

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik.Ба  қабулгоҳи интернетии иҷрокунандаи вазифаи президентии Ӯзбакистон, сарвазир Шавкат Мирзиёев дар тӯли 10 рӯзи фаъолияташ,  зиёда аз 3 ҳазор муроҷиат расидааст, хабар доданд хадамоти иттилоотии қабулгоҳ дар Facebook.

Санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аввалин президенти Ӯзбакистон аз сабаби бемории сактаи майнаи сар аз олам даргузашт. Муваққатан дар сари ҳукумат Шавкат Мирзиёев гузошта шудааст. Дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ санаи 4-уми декабр баргузор мешавад. Шӯрои сиёсии Ҳизби либерал демокартии Ӯзбакистон (УзЛиДеП) ба курсии президентӣ номзадии Мирзиёевро пешниҳод намудааст.

"Ба қабулгоҳ зиёда аз 3 ҳзр. муроҷиатҳо расидаанд. Масъалаҳои бисёре аз одамон дар давоми як ду рӯз ҳал карда шудааст",- омадааст дар хабар.

Қабулгоҳи виртуалии Мирзиёев санаи 25-уми сентябр дар дар портали ҳукуматии gov.uz кушода шуд. Истифодабарандагони сомона  метавонанд дар он ариза,шикоят ва ё пешниҳодҳои худро гузоранд. Мувофиқи маълумотҳои хадамот ба қабулгоҳи вертуалӣ ҳамарӯза садҳо шикоят ва пешниҳодҳо ворид мешаванд.  Шаҳрвандон ба хотири ҳал гаштани мушкилотҳои хеш ба президенти муваққатӣ сипосномаҳо низ ирсол мекунанд.

Қисми зиёди муроҷиатҳо бо масъалаҳои гирифтани қарзҳои истеъмолӣ ва таълимӣ, ҳал намудани мушкилиҳо дар бахши коммуналӣ, ҳамчунин шикоятҳо аз бюрокаритии мақомоти маҳаллӣ марбут мебошад.

Шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ҳамчунин метавонанд муроҷиатҳои хешро ба шӯрои Ҳизби либерал демокартии Ӯзбакистон равон кунанд. Ғайр аз ин ба воситаи телефони мобилӣ низ, бо чидани рақамҳои  "1000" ва ирсоли нома сарвазири Ӯзбакистон муроҷиати шаҳрвандонро қабул мекунад.

Лентаи хабарҳо
0