Алмосбек Отамбоев-президенти ҶҚ. Акс аз бойгонӣ

Отамбоев ба Мирзиёев дар бастагӣ бо суқути чархбол изҳори ҳамдардӣ кард

33
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз номи халқи қирғиз ва шахсан аз номи хуб ба наздикони қурбониёни суқути чархболи Узбакистон изҳори ҳамдардӣ намуд.

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон, Шавкат Мирзиёев изҳори ҳамдардӣ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶҚ.

"Алмосбек Отамбоев дар бастагӣ бо суқути чархболи вазорати мудофиаи Узбекистон, ки боиси марги 9 нафар шуд, ба иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии ин кишвар Шавкат Мирзиёев изҳори ҳамдардӣ кард",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки дирӯз дар ҳуҳуди вилояти Фарғонаи Узбакистон чархболи Вазорати мудофиаи кишвар Ми-171 суқут кард. Дар пайи инфиҷор се нафар сарнишини чархбол ва шаш мусофир ба ҳалокат расид. Барои муайян намудани сабабҳои суқут комиссиаи махсус ташкил карда шудааст.

Отамбоев ба Шавкат Мирзиёев ва оилаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

33
Барчаспҳо:
9 нафар ҳалок шуд, суқути чархбол, изҳори ҳамдардӣ, Шавкат Мирзиёев, Алмосбек Отамбоев, Узбакистон, Қирғизистон
Мавзуъ
Суқути чархбол дар Узбакистон, 9 нафар ҳалок шуд