Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Ислом Каримов, акнун унвони гулгашт дар Маскав гардид

39
(Таҷдидшуда 16:53 01.11.2016)
Кӯчабоғ дар наздикии бинои қунсулии Ӯзбакистон дар ноҳияи Якиманкаи шаҳри Маскав ҷойгир шудааст ва ба унвони аввалин президенти Ӯзбакистон номгузорӣ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Гулгашт дар маркази шаҳри Маскав ҷойгир шуда, акнун ба унвони аввалин президенти Ӯзбакистон номгузорӣ мешавад, хабар медиҳад хабаргузори РИА Новости.

Гулгашт,  дар наздикии бинои қунсулии Ӯзбакистон дар ноҳияи Якиманкаи шаҳри Маскав ҷойгир шудааст.

"Мувофиқи супоришҳои президенти Русия дар бораи абадзинда гардонидани номи Каримов,  ба хотири Ислом Каримов — авалин президенти Ӯзбекистон  гулгашт дар наздикии  қунсулгароии Ӯзбекистон  номгузорӣ карда мешавад. Ва супориш иҷро мегардад",- мегӯяд Сабяенин.

Пештар пешниҳоди номгузории гулгашти хотиравиро  ба номи аввалин президенти Ҷумҳурии Ӯзбекитстон Комиссияи байниидоравии шаҳри Маскав оид ба номгузории ҳудудҳо бо роҳбарии муовини мэри Маскав Леонид Печатников тасдиқ намуд.

Бо пешниҳоди тағири ном ба унвони Ислом Каримов ба ҳукумати Маскав даҳҳо намояндагои илм, сиёсат ва фарҳангии Русияву Ӯзбакистон муроҷиат намуданд.

Аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи бемории инсулт вафот кардааст. Собиқ раисҷумҳур дар зодгоҳи хеш- шаҳри Самарқанд тариқи маросимҳои исломӣ ба хок супорида шудааст.

39
Барчаспҳо:
гиромидошт, номгузорӣ, гулгашт, Ислом Каримов, Русия, Маскав
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия