Шаҳри Бишкек, акс аз бойгонӣ

Дар Бишкек мавзӯи мубориза бо ифротгароӣ дар ОМ баррасӣ мешавад

13
(Таҷдидшуда 17:04 09.11.2016)
Дар конфронси “Пешгирии ифродгароӣ дар Осиёи Марказӣ” намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи марказӣ Петер Буриан иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Намояндаи махсуси иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, сафир Петер Буриан ба Қирғизистон бо сафари расмӣ ташриф овард, хабар медиҳад намояндагии ИА дар кишвар.

Сафари Буриана то санаи 12-уми ноябр давом мекунад. Ӯ конфронси минтақавии  "Пешгирии ифротгарои дар Осиёи Маркази"-ро дар Бишкек тайи санаҳои 10-11-уми ноябр ташкил мекунад.

"Дар конфронс  сабабҳои радикалишавии ҷамъият, баррасии таҷрибаи кишвар дар пешгири намудани он ва таҳкими муносибатҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ муҳокима мешавад",- омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо Буриан ҳамчунин бо аъзоёни ҳукумат, вакилон ва фаъолони ҷамъиятӣ во хӯрда, масоили таҳкими муносибатҳоро байни Қирғизистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мекунад.

13
Барчаспҳо:
конфронс, Иттиҳоди Аврупо, Бишкек