Пеш аз интихобот дар Ӯзбакистон чораҳои бехатариро тақвият мебахшанд

© Sputnik / Георгий Зельма / Гузариш ба медиабонкШаҳри Тошканд
Шаҳри Тошканд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои таъмин намудани амният дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва участкаҳо шумораи зиёди кормандони шӯъбаҳои дохилӣ муваззаф карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik.Вазорати корҳои дохилии Ӯзбакистон дар арафаи интихоботи президентӣ  чораҳои бехатарии кишварро тақвият мебахшад, хабар медиҳад раиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини ҳуқуқии ВКД Илҳом Турғунов.

Интихоботи перзиденти тозаи Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мешавад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи марказии интихоботии Ӯзбакистон барои гузаронидани интихоботи президентии Ӯзбакистон 9,378 ҳавзаҳои интихоботӣ  ташкил карда шудааст, ки дар он 21, 435 млн. аҳолӣ ширкат меварзанд. Ҳар чор ҳизби сиёсии Ӯзакистон, ки расман дар кишвар фаъолият мекунанд, номзадҳои худро пешниҳод кардаанд.

"Барои таъмин намудани амният дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва участкаҳо шумораи зиёди кормандони шӯъбаҳои дохилӣ муваззаф карда шудаанд, ки нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар таҷҳизотҳоро аз назар мегузаронанд. Дар ҳавзаҳои интихоботӣ  низоми ахбории автоматӣ дар бораи сӯхтор хабар медиҳад",- гуфт Тургунов.

Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев мехоҳад, ки Мирзиёев президенти Узбакистон шавад

Вай ёдовар гардид, ки КМИ Ӯзбакистон ВКД кишварро вазифадор кард, ки варақаҳои интихоботӣ ва блютенҳо пратакаолҳои натиҷаҳои овоздиҳиро дастрас кунанд.

"Мувофиқи ин ҳуҷҷат ВКД ва шӯъбаҳои ҳудудии он бояд дар рафти интихобот бехатарии овоздиҳиро таъмин кунанд ва ҳамагуна ҳолатҳои фавқуллодаро пешгирӣ намоянд"-, илова намуд Тургунов.

Санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз сабаби бемории сактаи майнаи сар аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов аз олам чашм пӯшид. Муваққатан вазифаи президентиро Шавкат Мирзиёев дар кишвар иҷро мекунад.

Лентаи хабарҳо
0