Қазоқистонро заминларза ду маротиба такон дод

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / SeismographЗилзилашиносӣ. Акс аз бойгонӣ
Зилзилашиносӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази заминҷунбии авввал, ки дар чуқурии 20 ва 10 км ҷойгир буд ва қувваи он 4,6 баллро ташкил дод, дар масофаи 276 километрии самти шарқу-ғарбии Алмаато қарор дошт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар вилояти Алмаатои Қазоқистон ду маротиба замин бо қувваи 4,6 ва 4,4 бал ҷунбид, хабар дод бахши зилзилашиносии вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон.

Маркази заминҷунбии авввал, ки қувваи он 4,6 баллро ташкил дод, дар масофаи 276 километрии самти шарқу-ғарбии Алмаато қарор дошт. Заминларза соати 08.53 (07:53 бо вақти Душанбе) ба амал омад.

Баъди чанде, соати 08.55 боз дар ҳамон минтақа такроран ҷунбиши замин бо қувваи 4,4 бал ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар чуқурии 10 километрӣ ҷойгир шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0