Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Озмуни байналмиллалӣ барои сохтани муҷассамаи Ислом Каримов

48
(Таҷдидшуда 10:21 07.12.2016)
Дар Узбакистон барои сохтани ҳайкали президенти аввалини кишвар Ислом Каримов озмуни байналмиллалӣ эълон мегардад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон барои омода намудани  пайкараи нахустин президенти кишвар Ислом Каримов озмун эълон кард.

Қарори мазкур аз ҷониби роҳбари кунунии Узбакистон Шавкат Мирзиёев имзо гардида, тариқи шабакаи давлатӣ эълон шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Президенти аввалини Узбакистон, ки роҳбарии давлатро аз соли 1990 то 2 сентябри соли 2016 бар дӯш дошт, дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт. Рӯзи якшанбе дар Узбакистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Мувофиқи маълумоти пешакии КМИ Узбакистон, собиқ сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев бо гирифтани 88,61% овоз дар интихобот пирӯз шуд.

"Пешниҳоди Академияи рассомони Узбакистон, вазоратҳо ва ҷомеа оиди ташкили озмуни байналмиллалӣ барои сохтани ҳайкали Ислом Каримов қабул карда шавад",-омадааст дар ҳуҷҷат.

Тибқи фармон кумитаи такшилотии озмуни байналмиллалӣ, таҳти роҳбарии муовини сарвазири кишвар Абдулло Орипов дар давоми 15 рӯз нақшаи чорабинӣ, шартҳои озмун ва маблағи заруриро муайян мекунад.

Мирзиёев ба ВКХ-и Узбакистон фармон дод, то дар давоми 20 рӯз шартҳои иштирок  дар озмунро ба ташкилотҳои байналмилллалӣ пешниҳод намояд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Маскав масъалаи гузоштани ҳайкали Ислом Каримовро дар пойтахти Русия баррасӣ мекунад. Пайкараи Ислом Каримов эҳтимоландар боғи фарҳангӣ, ки дар наздикии сафоратхонаи Узбакистон дар Маскав ҷойгир аст, гузошта мешавад.

48
Барчаспҳо:
барои сохтани муҷассамаи Ислом Каримов, эълони озмун, Ислом Каримов, Ӯзбекистон
Мавзуъ
Ислом Каримов, акнун унвони гулгашт дар Маскав гардид
Шота Арвеладзе

Сармураббии "Пахтакор" мубталои коронавирус шуд: ӯ дар Қатар аз ташхис гузашт

120
(Таҷдидшуда 18:27 23.09.2020)
Ташхиси Шот Арвеладзе барои ошкор кардани вируси COVID-19, ки рӯзи сешанбе гирифта шуд, натиҷаи мусбат дод

ТАШКЕНТ, 23 сен — Sputnik.  Сармураббии тими "Пахтакор" Шот Арвеладзе мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад котиботи бошгоҳи футболи Тошканд.

Ба иттилои манбаъ, тими "Пахтакор" ҳоло барои иштирок дар лигаи қаҳрамонии Осиё дар Қатар қарор дорад.

"Бегоҳи дирӯз натоиҷи ташхиси сармураббии дастаи "Пахтакор" дмақиқ шуд. Маълум гардид, ки Арвеладзе гирифтори коронавирус аст, - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, феълан сармурабии тими мазкур дар инзиво қарор дорад.

Зикр мегардад, ки ҳайати дигари дастаи "Пахтакор" сиҳат буда, ба ин навъ маризӣ мубтало нестанд.

Ёдовар мешавем, моҳи июл панҷ бозингари ин даста якбора мубталои коронавирус шуданд.

120
Барчаспҳо:
маризӣ, Сармураббӣ, футбол, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

99
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

99
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия