Сейсмограф. Акс аз богйонӣ

Заминҷунбии Чин дар Қазоқистон ҳис шуд

20
(Таҷдидшуда 14:20 08.12.2016)
Маркази зилзиласанҷии Қазоқистон дар бораи заминларза дар вилоятҳои шарқии Қазоқистон ва Алмаато хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Маркази заминҷунбӣ дар Чин ҷойгир шуда, он дар минтақаҳои алоҳидаи Қазоқистон ҳис шуд, иттилоъ медиҳад маркази зилзиласанқии Ҷумҳурии Қазоқистон.

Мувофиқи маълумоти маркази зилизиласанҷӣ заминларза соати 11.15 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминҷунбӣ дар масофаи 757 километрии Алмаато дар қаламрави Чин ҷойгир шуда буд.

Дар шаҳри Зайсан қувваи заминҷунбӣ 3 балро ташкил дода, дар Уст-Каменогорск-2 балро такшил дод.  Дар Жаркент бошад қувваи заминҷунбӣ ба 2-3 бал расид.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар ноҳияи автономии Синсзян-Уйгур заминҷунбии 6,2-баллӣ рух дод.

20
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, Қазоқистон
Мавзуъ
Дар Қазоқистон ҳолати фавқуллода эълон шуд