Аҳмад Икромов, акс аз бойгонӣ

Дар Ӯзбакистон тағийроти кадрӣ сар шуд

138
(Таҷдидшуда 16:41 13.12.2016)
Аҳмад Икрамов ба вазифаи вазири вазорати тандурустӣ ба ҷойи Анвар Алимов, ки аз соли 2012 инҷониб ин курсиро соҳибӣ мекард, таъин гашт

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.Муовини сарвазир Адҳам Икромов ба вазифаи вазири Вазорати тандурустии Ӯзбакистон таъин гардид,  хабар медиҳад Sputnik Ӯзбакистон ба истинод ба UZ24.

Ин вазифаро Анвар Алимов аз соли 2012 инҷониб ба ӯҳда дошт.

Лазиз Тӯйчиев, собиқ ҷонишини Алимов ректори Академияи тиббии Тошканд таъин гардид.

Пештар президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошта буд, ки Ӯзбакистон ба тағийроти кадрӣ ниёз дорад. Ҳамин тавр ба наздикӣ Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ барои солҳои 2017-2021 қабул мешавад, ки барои беҳтар гардонидани идоракунии давлатӣ равона карда шудаст.

"Мо ба такмил додани фаъолияти дастгоҳи иҷроияи президент ва дастгоҳи иҷроияи кабинаи вазирон, таъмини амалишавии қонун, қарор ва фармонҳо аҳамияти махсус зоҳир мекунем",- қайд кард раисҷумҳури Ӯзбакистон.

138
Барчаспҳо:
тағийроти кадрӣ, вазири вазорати тандурустӣ, Ӯзбакистон
Вакцина

Эрон ҳам ба зуддӣ эмгузарониро оғоз мекунад

64
(Таҷдидшуда 00:34 25.01.2021)
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, эмгузаронӣ бо ваксини зидди вируси корона дар Эрон ба зудӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран  бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.

СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

 Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст,  муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.

Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи  “Кув Эрон баракат” 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.

64
Барчаспҳо:
беҳдошт, вазир, вируси корона, эмгузаронӣ, Эрон

Кохи сафед эълон кардааст, ки тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард

278
(Таҷдидшуда 13:46 23.01.2021)
Кохи сафед дар баёнияе эълом кард, ки мушовири амнияти миллии Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ итилоъ дода аст, ки Амрико тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ эълом кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида тавофуқ бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА.

Пеш‌тар Антони Блинкин, ки аз сӯи Байден номзади ҳидояти вазорати хориҷа шуд, дар ҷаласаи пурсишу посух бо намояндагон дар маҷлиси Сенати ин кишвар гуфта буд, ки тавофуқи давлати Трамп бо Толибонро баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки манобее аз давлати Афғонистону Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои тавофуқи давлати Трамп бо Толибон, мунтазири вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоти ӯ огоҳ шаванд.

Рӯзи 20 феврали соли гузашта мақомҳои Амрико ва Афғонистон эълом карданд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО нерӯҳояшонро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистони хориҷ хоҳанд кард, дар сурате ки Толибон ба таъаҳҳудоташ бар асоси тавофуқе, ки дар Давҳа имзо карданд, пойбанд бошад.

Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлат муддаӣ аст шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.

Тавофуқномаи сулҳи Амрико ва ниманизомиёни Толибон баъд аз 11 даври музокирот дар ҳоле ба имзо расид, ки бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон, Амрико ба гурӯҳи Толибон дар умури дохилии ин кишвар иҷозаи мудохила додааст.

278
Барчаспҳо:
тавофуқ, бознигарӣ, Толибон, Трамп, Афғонистон, Амрико
Центр города Душанбе

Баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон дар соли 2021

0
(Таҷдидшуда 10:42 25.01.2021)
Пагоҳ, 26 январи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Санаи 26 январ соати 09:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум” ба тасвиб расид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ аз соати 08:00 то 17:00  дар бинои Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи дуюм, утоқи дуюм  ба қайд гирифта мешаванд.

Баҳси тағйироти кадрию савгандхӯрӣ? даъвати ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон

Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон умдатан қонунҳои муҳиме баррасӣ ва қабул мешаванд.

0
Барчаспҳо:
якҷоя, ҷаласа, парлумон, Тоҷикистон