Истеъмоли пиво дар кӯча, акс аз бойгонӣ

Қирғизистон шаробхӯронро 15 маротиба бештар ҷарима мекунад

18
(Таҷдидшуда 18:18 14.12.2016)
Лоиҳаи қонуни мазкур нисбати ҷинояткорони ноболиғе, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шароб менӯшанд, равона карда шудааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik.Вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни ҷазоро нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ дида мебарояд.

Парлумони Қирғизистон бо роҳи пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ мехоҳанд шумораи ҷинояткориро аз ҳисоби ҷавонон ва ноболиғон камтар кунанд, хабар медитҳад Sputnik Қирғизистон.

Тағийрот  пешбинӣ мекунад, ки ҳаҷми ҷарима аз 10-15 маротиба зиёд карда шавад. Ҷарима нисбати наврасоне, ки тартиби ҷамъиятиро вайрон мекунад 5-10 маротиба зиёд гардида, 5-10 ҳазор сомро ташкил мекунад.

Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати қаллобни наврас, истеъмолкунандагони машруботи спиртӣ  ҷазои маъмурӣ пурзӯр карда мешавад.

Ба ғайр аз ин дар лоиҳаи қонун ба масъалаи истеъмоли машруботи спиртӣ ва ё сархушкунанда аз ҷониби наврасоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, аҳамияти махсус дода мешавад. Лоиҳаи қонун ба овоздиҳӣ гузошта шудааст.

18
Барчаспҳо:
лоиҳаи қонун, Парлумон, вакилон, Қирғизистон