Вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев

Амволи собиқ вазири иқтисоди Русия ба ҳабс гирифта шуд

29
(Таҷдидшуда 14:35 16.12.2016)
Мувофиқи қарори суд даҳ замини наздиҳавлигии ва як хонаи истиқоматии Алексей Улюкаев дар вилояти Смоленск ба ҳабс гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Суди ноҳияи Басманскии шаҳри Маскав қарор баровард, ки моликияти  собиқ вазири рушди иқтисрди Русия  ба ҳабс гирифта шавад.

Амволи Улюкаев — даҳ замини наздиҳавлигӣ ва як хонаи истиқоматӣ дар вилояти Смоленск ба ҳабс гирифта мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи тафтишотии ФР нисбати Алексей Улюкаев, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ давом дорад.

Алексей Улюкаев- доктори илҳои иқтисодӣ, профессори Институти физикиву техникии Москва ва ДДМ ба номи М.В. Ламаносов буд.  Ӯ муаллифи якчанд корҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

29
Барчаспҳо:
ҳабси амвол, Алексей Улюкаев, Русия