Гузаргоҳи марзӣ. Акс аз бойгонӣ

Тошканд ва Душанбе масъалаи марзи давлатиро дубора баррасӣ мекунад

177
(Таҷдидшуда 20:25 19.01.2017)
Ӯзбакистон дар робита бо баррасии масъалаи бақайдгирии марзи давлатӣ бори дигар бо Тоҷикистон ба сари мизи баррасии ин масъала менишинад

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.Ӯзбакистон мехоҳад, ки дар соли 2017 бо ҳамсоякишварҳо мусоҳиба намуда, бори дигар масъалаи марзи давлатиро баррасӣ кунад, омадааст дар лоиҳаи фармони президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев.

Фармони президент дар бораи  амалӣ намудани стратегияи рушди Ӯзбакистон дар тӯли панҷ сол равона карда шудааст. Мувофиқи фармон самти асосии рушди кишвар ин замонавӣ намудани раёсати давлаӣ, низоми судиву ҳуқуқӣ, либеризатсияи иқтисод, ислоҳот дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷӣ мебошад.

Ҳамин тавр идораҳои дахлдори Ӯзбакистон дар семоҳаи аввали соли 2017 нақшаи  нишонагузории сарҳади давлатиро бояд тартиб диҳанд.

Аз ҷумла ба нақша гирифта шудааст, ки раванди барасмиятдарории ҳуқуқии сарҳадҳои мувофиқанашудаи Ӯзбакистон ва Қирғизистон тезонида шавад ва байни ин ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сарҳадҳо ба имзо расад.

Ҳамчунин дар чорчӯбаи амалӣ намудани стратегия ба нақша гирифта шудааст, ки раванди баррасии гуфтушунид бо Тоҷикистон ва Туркманистон барои баррасии масъалаҳои барасмиятдарории ҳуқуқии сарҳадҳои мувофиқанашуда барқарор карда шавад.

Интизор меравад, ки ба ғайр аз ин, ки гуфтушунидҳо оид ба сарҳадҳои наздик бо Қазоқистон ҳам давом меёбад.

Вобаста бо низоъҳои сарҳадии доимӣ, Мирзиёев баъд аз ба сари ҳукумат омадан ба тоза намуданм муносибатҳо оғоз кард ва бо ҳамсоякишварҳои Ӯзбакистон дубора муносибатро барқарор кард.

177
Барчаспҳо:
гуфтушунид, фармон, марз, Шавкат Мирзиёев, Тоҷикистон-Ӯзбакистон