Садама дар Саратов, 20-уми феврали соли 2017

Шарҳи садама дар Саратов: марги чор ӯзбек ва як тоҷик ҳангоми бозгашт аз сарҳад

242
(Таҷдидшуда 18:46 20.02.2017)
Чуноне ки аз прокуратураи вилояти Саратов хабар доданд, дар садамаи нақлиётӣ чор шаҳрванди Ӯзбакистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон вафот карданд. Ронандаи “Ниссан” шаҳрванди 62-солаи Русия, сокини шаҳри Петровск мебошад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. 4 тан қурбониёни садама дар Сатаров шаҳрвандони Ӯзбакистон буда, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, хабар доданд аз прокуратураи ноҳия ба РИА Новости.

Пештар иттилоъ дода шуд,  ки тақрибан соатҳо 05:00 (07:00 ба вақти Душанбе) дар қишлоқи Тарумовкаи ноҳияи Петрови вилояти Саратов автомашинаи "Киа Рио" ба самти муқобили роҳ баромада, бо "Ниссан Алмера" бар мехӯрад.

Прокуратураи вилоят ин ҳодисаро шарҳ дод: ронандаи автомобили "Ниссан Алмера" сокини ноҳияи Петрови вилояти Саратов, дар машинаи "Киа Рио" 4 нафар шаҳрванди Ӯзбакистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар зан буданд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ 5- нафар қурбонии автомашинаи "Киа Риа" барои риоя намудани қоидаҳои дохилии Русия барои муҳоҷирон, аз ҷумла барои беш аз мӯҳлат дар ҳудуди кишвар намондан, ба сарҳади Қазоқистон рафта, аз сарҳад гузашта роҳ ба суйи Маскав ба садама дучор шудаанд.

"Ронандаи "Киа"  марди 30-солаи ҷумҳурии Ӯзбакистон буда, мусофирони дигар марди 33-солаи тоҷик, зани 42-соали ӯзбек ва марди 40-салои ӯзбек мебошанд.

Онҳо аз соли 2014 дар Русия қарор дошта, бо иҷозатномаи муваққатӣ дар Русия кор мекарданд.

Қайд карда мешавад, ки автомашинаи "Киа" бо сабаби торикии шаб ба самти муқобили роҳ баромдааст.

Дар прокуратура қайд карданд, ки шароити обу ҳаво ба ин садама иртибот надорад.

242
Барчаспҳо:
қурбонӣ, сарҳад, роҳ, садама, муҳоҷирон, Русия
Молодожены держатся за руки

Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад

995
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди баргузории маросими издивоҷ қарори навбатӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун қарантин, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус эълон гардида буд, сабуктар мешавад. Сабук гардидани маҳдудиятҳо аз 15 - уми август шурӯъ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо сабук шудани маҳдудиятҳо, фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, кори боғча, лагерҳои кӯдакона, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин пляжҳо аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, бо қарори Мирзиёев ба баргузории маросими издивоҷ низ тағйироти нав шомил шуд.

Ҳамакнун, маросими арӯсӣ дар ин кишвар на дар тарабхона, балки дар хонаи издивоҷкунандаҳо ва ё дар ҳавлии онҳо баргузор мешавад.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Инчунин, теъдоди меҳмонон низ набояд аз 30 нафар бештар бошад.

Қаблан, гузоришҳо дар мавриди мубтало шудани теъдоди зиёди одамон, ки дар маросими арӯсӣ дар Ӯзбекистон иштирок карданд, нашр гардида буд.

Ҳатто дар як маросими хонадоршавӣ, наварӯс пас аз маросими издивоҷ гирифтори коронавирус шуд.

Дар Тоҷикистон низ айнан чунин тартибот дар маросими хонадоршавӣ ҷорист. Агар қаблан баргузор кардани тӯй бо ҳузури 100 нафар иҷозат дода шуд, баъдан теъдоди меҳмононро то 40 нафар коҳиш доданд.

995
Самолет на закате, архивное фото

Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад

572
(Таҷдидшуда 20:02 12.08.2020)
Қазоқистон дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо шаш кишвари ҷаҳон аз 17 август эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Парвозҳои байналмилалии Қазоқистон аз 17 август ботадриҷ барқарор карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи шаҳрвандӣ.

Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба онҳо парвоз кунанд, зиёд нест - танҳо ҳафт кишвар: Русия, АМА, Белорус, Олмон, Недерланд, Миср ва Украина.

Сафорат дар бораи парвозҳои мунтазам миёни Русияву Тоҷикистон

"Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо ҳукуматҳои авиатсионии кишварҳои дар боло зикршуда масъала барқарор кардани парвозҳои мунтазам пешакӣ баррасӣ кард", - омадааст дар хабарнома.

Парвозҳо мувофиқи созишномаи байналмиаллӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар бораи барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон чизе гуфта нушадааст.

572
Барчаспҳо:
парвозҳои мустақим, барқароршавӣ, барқарорӣ, Қазоқистон, Русия
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

29
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

29
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон