Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Тӯҳфаи Отамбоев ба Путин: аспи даванд

207
(Таҷдидшуда 13:16 01.03.2017)
Алмосбек Отамбоев дар рафти сафари Владимир Путин ба Қирғизистон ба ҳамтои русаш тӯҳфаи ғайриоддӣ намуд, ки аз офташ президенти Русияро ба ҳайрат овард: аспи даванд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.Президенти Қирғизистон  Алмосбек Отамбоев ба Владимир Путин асп тӯҳфта кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Аспи хокистариро ба назди Путин оро дода, ҳозир намуданд.

Президент России Владимир Путин и президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
© Фото : Сайт президента Кыргызстана
Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Қайд карда мешавад, ки зоти аспи даванд қирғизӣ аст. Аз афташ асп ба президенти Русия писанд омадааст. Дар акс Путин ба "тӯҳфа" сабзӣ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин сафари худро ба кишварҳои Осиёи Миёна ба анҷом расонид.  Ҳамин тавр Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар намуд.  Вохӯриҳо бо сарони ин кишварҳо ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бахшида шуда буданд.

207
Барчаспҳо:
асп, тӯҳфа, сафар, Алмазбек Отамбоев, Путин, Қирғизистон- Русия
Медсестра ухаживает за пациентами в больнице

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

121
Дар Қирғизистон фавти нав аз маризии коронавирус сабт шудааст. Бо иловаи фавти ҷадид теъдоди қурбониёни ин маризӣ ба 17 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар вилояти Нарини Қирғизистон як зани 79 - сола, ки гирифтори маризии сироятии коронавирус буд, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, зани солхӯрдаро ҳанӯз 13 - уми май бистарии беморхона намуданд.

Марҳум дар баробари мубтало шудан ба коронавирус, ҳамзамон аз маризии қалб ва фишорбаландӣ низ азият мекашидаст.

"Вазъи саломатии бемор рӯзи 30 - юми май бад шуда, санаи 1 - уми июн пизишкон ӯро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карданд", - шарҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.

Усенбоев таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон қалби ӯ аз тапидан бозмонд.

Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон ва афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон

Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониёни маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба 17 нафар баробар шуд.

Гузашта аз ин, дар Қирғизистон ҷамъан 1845 ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст. Аллакай 1219 нафар пас аз шифо ёфтан аз дармонгоҳҳои ин кишвар мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ бурузи ин маризиро санаи 30 - юми апрел эълон карданд ва то кунин аз ин беморӣ тибқи маълумотҳои расмӣ 47 нафар ба ҳалокат расиданд.

121
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

172
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

172
Ребенок в воде на закате, архивное фото

Ҷасади писари 9-сола, ки бо падараш дар дарёи Хумбов сарозер шуд, пайдо гашт

0
(Таҷдидшуда 03:08 03.06.2020)
Ҷасади писари 9-сола, ки ҳамроҳ бо падараш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба дарёи Хумбов сарозер шуда буд, пас аз ду рӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасади Худоиев Умари 9-сола, ки рӯзи 31-ми майи сол равон ҳамроҳ бо падараш дар як садамаи нақлиётӣ дар дарёи Хумбов сарозер шуда буд, ахиран тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

Худоиев Умар писари Худоиев Аслншоҳ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Ванҷ будааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ҷасади Умари хурдсолро ба пайвандонаш супурданд.

Ёдрас мешавем, ки садамаи нақлиётие, ки дар он падари писар ба ҳалокат расиданд, санаи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар мавзеъи Шоҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб сурат гирифт.

Худрави тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

КҲФ қайд намудааст, ки ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама то ҳол маълум нест.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон худрав ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад.

Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар (падару писар) ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд.

0
Барчаспҳо:
пайдо, ҳодиса, дарё, писар, падар, ҷасад, Тоҷикистон