Дар бинои маҳкама, акс аз бойгонӣ

16 иштирокчии моҷарои қабристони Хованский ҳукм мегиранд

56
(Таҷдидшуда 16:44 01.03.2017)
Суд ба наздикӣ ҳукми 16 нафар иштирокдорони бетартибиҳои қабристони Хованскиро мебарорад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.Тибқи ахбори РИА Нвости Суди Маскав ба наздикӣ нисбати иштирокдорони муноқишаи оммавӣ дар қабристони Хованскии Маскав ҳукми ниҳоӣ мебарорад.

Ба гуфтаи раиси сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар Маскав Александр Дриманов, ба наздикӣ нисбати 16 нафар иштирокдоронони ин ҷанҷоли оммавӣ хулосаи айбдоркунандагӣ ироа мешавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2016 дар ҳудуди оромгоҳи Хованский бо иштироки 200 нафар муноқишаи оммавӣ ба амал омад, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, доҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомти ҳифзи ҳуқуқ бо далели муноқиша 112 нафарро дастгир намуданд  ва 250 нафар ба сифати шоҳид пурсида шуданд. Мувофиқи маълумоти тафтишот ҷанҷол дар асоси талоши ҷой дар қабристон ба амал омадааст.

Юрий Чабуев- собиқ роҳбари "Ритуал", ки дар ташкил намудани муноқиша дар қабристони Хованский гунаҳкор карда мешавад, то ҳол дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад.

Мӯҳлати тафтишот оид ба парвандаи муноқишаи оммавӣ дар қабристони Хованский якчанд маротиба дароз карда шуд.

56
Барчаспҳо:
суд, муноқиша, ҳукм, Қабристони Хованский, Русия, Маскав