Ҳашари умумихалқӣ дар Узбакистон барои таҷлили Наврӯз

Омодагии Узбакистон ба Наврӯз аз ҳашар шурӯъ шуд

66
(Таҷдидшуда 13:07 12.03.2017)
Дар давоми ду рӯз шаҳрвандони Узбакистон аз субҳи содиқ кӯчаҳо, боғҳои истироҳатӣ, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро тоза карда, ибодатхонаҳо ва оромгоҳҳоро ба тартиб медароранд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Узбакистон пеш аз ҷашни Наврӯз дар рӯзҳои истироҳат ҳашари умумӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои Sputnik Узбакистон шаҳрвандони кишвар барои тоза кардани кӯчаҳо ва боғҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромаданд.

Дар Узбакистон ҳашари умумӣ ду маротиба дар як сол баргузор карда мешаванд. Аввал дар арафаи ҷашни Наврӯз, ки санаи 21-уми март таҷлил карда мешавад ва дуюм дар арафаи истиқлолияти давлатӣ, ки рӯзи 1-сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Ҳукумати Узбакистон оиди ҳашари умумихалқӣ қарор бароварда, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад.

"Мувофиқи қарори ҳукумат моҳҳои март ва апрел дар кишвар моҳҳои сабзазоркунӣ ва ободонӣ эълон шудаанд. Дар доираи ин барнома 11-12-уми март ҳашари умумӣ гуаронида мешавад".

Дар рафи ҳашар кӯчаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ тоза карда шуда, ибодатгоҳҳо ва оромгоҳҳо ба тартиб дароварда мешаванд.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҳашар ба сохтмончиёне, ки ба бино кардани иншооти нав машғул ҳастанд, кӯмак мерасонанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писаронаш Сомон ва Рустам дар Рӯзи модар ба ҳашар баромада дар боғҳои шаҳри Душанбе ниҳол коштанд.

Ҳамчунин сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди маросими вижаи оташбозӣ дар ҷашни Наврӯз қарор баровард.

Гуфта шуд, ки 21 март дар поёни барномаҳои наврӯзӣ аз соати 19:00 то соати 21:00 маросими вижаи оташбозӣ баргузор мешавад ки таи он аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе бо фосилаи 5 дақиқа аз тӯпҳо оташ шиллик хоҳанд кард.

66
Барчаспҳо:
пеш аз Наврӯз, тоза кардан, ҳашар, Узбакистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Мавзуъ
Шаҳрдории Душанбе барои баргузории бозиҳои варзишӣ дар Наврӯз 155 300 сомонӣ ҳазина хоҳад кард
Наврӯз дар Фаронса: ҳунармандони тоҷик дар Порис ҳунарнамоӣ хоҳанд кард
8-март ва Наврӯз: Р. Эмомалӣ ба занони кӯчарӯб $300 ҳазор тӯҳфа кард
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Наврӯз-2017