Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, акс аз бойгонӣ

Отамбоев дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё аз муҳоҷирон ҳимоят кард

115
(Таҷдидшуда 18:49 14.04.2017)
Раиси Ҷумҳуриии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамчунин бар аҳамияти идомаи ҳамоҳангсозии қонунҳо барои озодии гардиши коло ва ҳаракати нерӯи кор дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё таъкид кард

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раисумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нишасти сарони кишварҳои узви Шурои олии иқтисодии АвруОсиё дархост кард, ки дар мавзуъи ихроҷи муҳоҷирон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё нармтар рафтор шавад.

Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, Отамбоев дар ин нишаст гуфт:

"Мо ҳамчун кишваре, ки мутаасифона бисёре аз шаҳрвандонаш дар ҷустуҷӯи кор муҳоҷир мешаванд, пешниҳод мекунем, ки бо муҳоҷироне ки ба ҷурми қонуншиканиҳои кӯчак ихроҷ мешаванд, нармтар бархурд карда шавад".

Раҳбари Қирғизистон ҳамчунин бар аҳамияти идомаи ҳамоҳангсозии қонунҳо барои озодии гардиши коло ва ҳаракати нерӯи кор дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё таъкид кард.

Владимир Путин низ дар суханронӣ дар ин нишаст таъкид кард, ки ҳаҷми ҳамлу таҳвили коло миёни кишварҳои узви Иттиҳодия соли гузашта 62 дарсадро ташкил кард. Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки дар соли гузашта риштаҳои саноъеи тавлидӣ ва кишоварзӣ рӯ ба рушд ниҳодаанд.

"Мехостам махсус таъкид кунам, ки ин рушд бештар ба бозори Русия рост меоянд, ки кишварҳои узви Иттиҳодия низ колоҳояшонро ин бозор мефурӯшанд. Ин ҳам барои ҳамкорони мо ва ҳам барои масрафкунандагони Русия муҳим мебошад", — гуфт вай.

Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё — иттиҳодияи ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ аст, ки дар асоси Иттиҳодияи гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ 1 январи соли соли 2015 ташкил шудааст.

Ҳамакнун Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин иттиҳодия ҳастанд.

115
Барчаспҳо:
тиҷорат, иқтисод, муҳоҷират, Иттиҳоди АвруОсиё, Осиё

Кобул шикаста шудани бунбасти музокироти сулҳро рад кард

91
(Таҷдидшуда 10:17 27.11.2020)
Мақомоти Афғонистон эълом кард, ки гузоришҳо дар бораи шикаста шудани бунбаст дар музокироти сулҳ дар Давҳа, ҳақиқат надорад ва музокироти Давҳа пешрафт накардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Кобул афзудааст, ки далели бунбасти музокироти Давҳа, баҳонаҷӯиҳои Толибон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

“Толибон хостаҳои хилофи қонунро матраҳ мекунанд, ки на раисиҷумҳур, на ҳукумат ва на мардуми Афғонистон онро мепазиранд”, - гуфт Сиддиқӣ.

Пеш аз ин бархе манобеъ эълом карда буданд, ки бунбаст дар музокирот миёни ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Толибон дар Давҳа шикастааст ва тарафҳо ба тавофуқҳое даст ёфтаанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

Музокироти сулҳи байналафғонӣ 12 сентябри 2020 дар Давҳа оғоз шуд, аммо токунун ду тараф рӯи дастури кори музокирот низ ба тавофуқ нарасидаанд.

91
Барчаспҳо:
музокирот, сулҳ, шикаст, мақомот, Афғонистон
Микрофон, архивное фото

Интишори албоми сурудҳои ошиқона бар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон

127
(Таҷдидшуда 14:24 26.11.2020)
Ба муносибати 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ – шоири маъруфи ғазалсарои тоҷик Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон лавҳи фишурда (CD) - и сурудҳо бар ашъори Камоли Хуҷандиро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба пойгоҳи итилоърасонии Муассисаи фарҳангии ЭКО, дар ин албоми навоҳову сурудҳои устодони мусиқии тоҷик ҳамчун Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯра‎бек Муродов, Абдуллоҳ Султон, Муродбек Насриддин, Ҷӯра‎бек Набиев, Ҷамшед Эргашов, Абдувалӣ Ҷалолов, Баҳрулло Абдуллоев, Маҳмадулло Қурбон, Маҳмадсаид Аҳмадов, Субҳони Саид ва Ғуломҷон Мирдадоев ба сурати савтӣ фароҳам омадаанд.

Ёдовар мешавем Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700- солагии Хоҷа Камол чанде пеш китобҳои "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзода ва "Чиҳил дарси Камол" - 40 мухаммаси Сурайё Ҳасансултон - шоири тоҷик бар ғазалиёти Камолро бо хати форсӣ чоп намуд.

Нашри 50 ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Камоли Хуҷандӣ, шоири баландовозаи форсизабони тоҷикистонӣ, ки бо ғазалҳои шӯрангезаш шуҳраи офоқ аст, дар Хуҷанд мутаваллид ва дар Табрез ба хок супурда шудааст.

127
Барчаспҳо:
Теҳрон, суруд, Тоҷикистон, сафорат, "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, Эрон

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон