Дар марзи Тоыикистону Узбакистон

Тоҷикистону Узбакистон марзашонро аломатгузорӣ карданд

317
(Таҷдидшуда 11:19 01.06.2017)
Коргурӯҳи Тоҷикистону Узбакистон Суратмаҷлиси аломатгузории марзи давлатиро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷа аз 30 май то 1 июн дар  шаҳри Душанбе нишасти коргурӯҳи ҳуқуқии ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст масъалаи аломатгузории марзи миёни ду кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои баҳсбарангез, баррасӣ шуд.

Дар анҷоми ин дидор тарафҳо Суратҷаласаи аломатгузории марзро имзо карданд. Ҷузъиёти бештаре аз ин нишаст ва натоиҷи он мунташир нашудааст.

Коршиноси рус, муовини роҳбари донишгоҳи ИДМ Владимир Евсеев гуфт, ки монеаи асосӣ барои наздикшавии Тоҷикистону Узбакистон — истифодаи нооқилонаи об аст.

317
Барчаспҳо:
гузоштани хати марз, ВКХ Тоҷикистон, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Коршинос: Роғун – монеаи ноошкор дар роҳи оштӣ бо Узбакистон
Муовини вазири Узбакистон: дӯстии тоҷику узбак аз Ҷомӣ ва Навоӣ оғоз ёфт
Мирзиёев дар Узбакистон дар панҷ сол 42 нерӯгоҳи нав месозад
Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд