Резиши барф дар Маскав

Тобистони Маскав: барф дар моҳи июн

64
Гумон кардем, ки вақти фаромӯш кардани хунукиҳои зимистон расидааст, охир тобистон фаро расида, аммо барф бароямон аз фасли гармӣ “муждае дод”

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik.  Имрӯз дар маркази Маскав дар ҳудудҳои "Кивский вокзал" ва "Площад Европы" ногаҳон барфи тар рехт. Ин рухдоди зимистонӣ дар тобистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  шӯре барангехт.

Барои касе резиши барф дар тобистон хандаовар буд, баъзеҳо шигифтзада шуданд ва баъзеҳо андӯҳгин.

Ҳама аксҳои гуногунро аз резиши барф гузоштанд.

Ҳунарманди хизматнишондодаи рус Сергей Избаш дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки шояд барф дар тобистонн ғазаби осмонӣ бошад ва даъват кардааст, ки ҳама якҷоя дуо кунанд.

64
Барчаспҳо:
баррасӣ кардан, барф, тобистон, Русия
Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане

Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳ 19 миллиард метри мукааб газ харид

83
(Таҷдидшуда 03:08 07.08.2020)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли равон ҳудуди 19 миллиард метри мукааб газ ба Чин содир карданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik.  Аз оғози фаолияти лулаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ - Чин ,ки дар моҳи декабри соли 2020 роҳандози шуд , кишварҳои минтақа ба Чин 216 миллиард метри мукааб газ содир карданд,радиои Садои Хуросон.

Ба гузориши ин расона, мабдои аввалияи интиқоли газ аз марзҳои Туркманистон оғоз ёфта аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон ба хутути гази Чин дар минтақаи Син Конг Уйғур мавсум ба Ғарб - Шарқ мутасил шудаанд.

Албатта дар ин гузориш танҳо миқдори кулии содирот унвон шуда ва омори дақиқи марбут ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ сабт нашудааст.

Интиқоли нафт ва газ аз Тоҷикистон ба Чин ҳамин сол шурӯъ мешавад

Тули хутути Осиёи Марказӣ - Чин 1833 киллометр аст ва қобилияти интиқоли 60 миллиард метри мукааб солона дорад.

Туркманистон бузургтарин содиркунандаи газ ба Чин дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ аст ,ки дар соли гузашта ширкати Туркман газ  ба Пекин 31. 2 миллиард метри мукааб газро мунтақил кард.

83
Барчаспҳо:
содир, Осиёи Марказӣ, газ, Чин
Колючая проволока, архивное фото

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

160
(Таҷдидшуда 03:03 07.08.2020)
Як нерӯи марзбонии артиши Покистон дар даргирӣ бо нерӯҳои марзбонии Афғонистон кушта шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, террористҳо аз дохили хоки Афғонистон мавозеи нерӯҳои покистониро дар он сӯи марз ҳадаф қарор доданд ва ҳамзамон нерӯҳои марзии Афғонистон низ ба сӯи нерӯҳои покистонӣ, тирандозӣ  карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин тирандозӣ ду нерӯи марзбонии дигари Покистон ҳам захмӣ шуданд.

Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон ҳам дар баёнияе зимн маҳкӯм кардани ҳамалот ба нерӯҳои ин кишвар дар марзи муштарак бо Афғонистон, ҳушдор дод, ки ин вазъият созу кори дуҷониба барои ҳамкориро таҳти таъсир қарор ме‌диҳад.

Покистон ва Афғонистон бар сари масоиле, аз ҷумла хати фарзии "Дюран" ва эҷоди таъсисоти марзӣ ихтилоф доранд ва ҳамчунин якдигарро ба ҳимоят аз тероризм муттаҳам ме‌кунанд.

160
Барчаспҳо:
ноороми, даргирӣ, марз, Покистон, Афғонистон

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0