Роҳи оҳан, акс аз бойгонӣ

Тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон баррасӣ шуд

75

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ҶТ, 5 июли соли 2017 дар Вазорати роҳи оҳани Туркманистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Вазири роҳи оҳани Туркманистон Бяшимов Дерягули Мяминович баргузор гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногуни фаъолияти марбут ба роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон (ТАТ), инчунин интиқоли борҳо тавассути хатсайрҳои роҳи оҳани қаблӣ бо нархҳои имтиёзнок ва тақвият бахшидани ҳамкории байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор доданд

Ёдовар мешавем, ки авохири соли 2016 як қисми роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Товҷикистон ба истифода дода шуд.

Сохтмони ин роҳи оҳан соли 2013 сар шуда, роҳ аз 400 км иборат аст ва Туркманистон, Афғонистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад.

75
Барчаспҳо:
сохтмон, роҳи оҳан, Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон