Консерти гурӯҳи Ленинград, акс аз бойгонӣ

Шнуров мехоҳад ба гурӯҳаш тоҷики рэпсароеро қабул кунад

45
(Таҷдидшуда 13:10 15.07.2017)
Овозхон ба мусиқичиёни тоҷик муроҷиат кардааст, ки якҷоя бо ваё суруди "гастарбайтер- рэп" иҷро кунанд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сергей Шнуров- ҳунарманди рэпсарои рус мехоҳад ба гурӯҳаш як рэпсарои тоҷик ҳамроҳ шавад.

Тавре хабаргузории "Дождь" хабар медиҳад, кСергей Шнуров пас аз консерти калоне дар Петербург аз нақшаҳояш хабар дод.

Шнуров гуфт, ки мехоҳад ба гурӯҳаш як рэпсарои дигареро қабул кунад, ки бо вай суруди "гасбайтер — рэп" иҷро кунад.

"Чанд вақт аст, ки мехоҳам як фикри худро амалӣ кунам: мехоҳам ба гурӯҳамон як тоҷики рэпсароеро қабул кунам. Ман мехоҳам як "рэп-гастарбайтер" сароям. Зеро муҳоҷирон дар кишвари мо зиёданд, мо ҳама онҳоро медонем, муошират мекунем, лекин ногуфтаҳои онҳо зиёд дорад. Мо дар асл намедонем, ки онҳо чӣ гуназиндагӣ мекунанд. Ба мо дар ҳақиқат ин чизҳо шавқовар аст, зеро онҳо як қисми ҷомеаи мо гаштаанд. Ин фикри ман аст, лекин тоҷикеро наёфтаамро ки онро амалӣ гардонад",- Сергей Шнуров.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашти ин гурӯҳ чунин иқдомашро эълон карда гуфта буд, ки мехоҳад ба "Ленинград" тоҷикеро қабул кунад, ки "забони русиро хуб надонад".

45
Барчаспҳо:
рэпсаро, тоҷик, Сергей Шнуров, Тоҷикистон, Русия
Священный коран в мечети

Китоби Қуръонро барои TikTok пора - пора кард: боздошти шаҳрванди Ӯзбекистон

2021
(Таҷдидшуда 18:24 30.10.2020)
Шахсияти марде, ки ин ҳодисаро ба навор гирифтааст муайян карда шуда ва ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон як шаҳрвандеро боздошт кардаанд, ки дар пеши чашми ҳазорон корбари интернет китоби Қуръонро пора кардааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ВКД.

Рӯзи 29 октябр дар шабакаи иҷтимоии TikTok наворе паҳн шудааст, ки дар он марде, ки худро бедин мехонд, китоби муқаддаси мусалмонон Қуръонро пора кард. Ин навор  дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш ва баҳси зиёде ба бор овард.

Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс

"Парванда таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Дар натиҷаи тафтишот шахсияти марде, ки навор гирифтаву дар интернет паҳн кардааст, муайян карда шуда ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи итилои манбаъ, нисбати ин мард бар асоси моддаи 156  қисми 2 Кодекси ҷиноӣ ("Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ") парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мусалмонони дунё барои тасвирҳои танзомези Муҳаммад дар Фаронса ба по хестанд - навор

Қаблан, аз мардуми Ӯзбекистон даъват шуд, ки ба хотири карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с), ки дар аввали моҳи сентябр аз ҷониби маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo нашр шуд, ба эҳсосот дода нашаванд.

2021
Барчаспҳо:
ВКД, пора, Қуръон, китоб, Ӯзбекистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

592
(Таҷдидшуда 11:44 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўзи 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

592
Новая операционная в районой больнице №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района

Дар вилояти Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ таъмир мегардад

0
(Таҷдидшуда 20:35 31.10.2020)
Дар нӯҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 64 оншооти тандурустӣ ба итмом расонида шудааст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

"Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ба муносибати истиқболи сазовори 30-солагии истиқлол корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.

0
Барчаспҳо:
азнавсозӣ, таъмир, беморхона, Суғд