Шаҳри Тошканд. акс аз бойгонӣ

Гапро кам кунед: раисҷумҳур баргузории ҷаласаҳои беҳударо манъ кард

564
(Таҷдидшуда 11:19 10.08.2017)
Додситонии кулли кишвар бар раванди иҷрои қарори раисҷумҳур назорат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 10 авг— Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев баргузории ҷаласаҳои беҳуда миёни идораҳои давлатиро қотеъона мамнуъ кард.

Бино ба гузориши Podrobno.uz сухан дар бораи ҷаласаҳое меравад, ки аҳамияти амалӣ надоранд ва масъулину раисонро аз анҷоми вазифаашон боз медоранд.

Дар баробари ин раисҷумҳури Узбакистон раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва бунгоҳҳои иқтисодии давлатиро муваззаф кард, ки аз даъвати намояндагони мақомоти ҳукуматӣ ва созмонҳои ғайридавлатие, ки ба баррасии мавзуъ рабте надоранд, худдорӣ кунанд.

Раванди иҷрои қарори раисҷумҳурро Додситонии кулли кишвар назорат мекунад.

Девони вазирони Узбакистон муваззаф карда шуда, ки тартиби баргузории дидорҳо, нишастҳо ва маҷлисҳои машваратиро то нимаи моҳи сентябри соли равон таҳия ва таъйид кунад.

564
Барчаспҳо:
гапро кам кунед, маҷлис, ҷаласа, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи Шавкат Мирзиёевро табрик гуфт
Шавкат Мирзиёев 60-солагиашро ҷашн мегирад
Вақт надорад: чаро Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон намеравад
Шавкат Мирзиёев Владимир Путинро ба Узбакистон даъват кард
Доставка гуманитарного груза медикаментов из Индии в Таджикистан

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод

129
(Таҷдидшуда 12:45 26.05.2020)
24 тонна маводи доруворӣ аллакай аз Ӯзбекистон фиристода шуд ва ба Раёсати тандурустии Тоҷикистон дастрас гардид

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон кард, хабар медиҳад ожонсии Тоҷик.ТА.

Қайд мешавад, ки кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон 24 тонаа маводи доруворӣ фиристод.

Ин кумак аслан аз маводҳои доруворӣ аз ҷумла интибиотикҳо иборат аст.

"Кумаке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид аллакай дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гузошта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Пештар, Ӯзбекистон барои сохтани беморхонаи сайёр дар Душанбе, ба кишвар 120 контейнер кумак карда буд.

Ин табобатхона аллакай дар ҳудуди майдони "Бофанда" сохта шуда, ба қабули мазирони коронавирус омода аст.

Ҳамчунин рӯзи 8 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳашт пизишк омаданд, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ аз таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бар зидди коронавирус, нақл карданд.

Кумаки Тоҷикистон ба зарардидаҳои обхезӣ дар Ӯзбекистон: 51 қатораи боркаш

Дар навбати худ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарардидагони офати таббиӣ ба вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 51 қатораи масолеҳи сохтмонӣ кӯмак фиристод.

129
Барчаспҳо:
маводи доруворӣ, кумаки башардӯстона, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Карантин

Эҳтимоли шадид шудани қарантин дар Ӯзбекистон: сатҳи сироятшавӣ рӯ ба афзоиш аст

1608
(Таҷдидшуда 14:42 25.05.2020)
Дар Ӯзбекистон анқариб ҳамарӯза то 60 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии коронавирус сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар сурати бо чунин суръат афзоиш ёфтани мубталошавии ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба коронавирус, қарантин боз шадидтар хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки чанде пеш дар аксар манотиқҳои Ӯзбекистон бинобар беҳбуд ёфтани вазъият дар робита ба авҷи коронавирус, маҳдудиятҳо то андозае сабуктар шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустии Ӯзбекуистон Баҳодур Юсупалиев мегӯяд, агар вазъият ба ҳамин минвол идома ёбад, қарантин дигарбора сахт хоҳад шуд.

Бухоро, панҷумин минтақаи Ӯзбекистон пурра аз коронавирус наҷот ёфт

Ба изҳори Юсупалиев, ҳамарӯза теъдоди мавориди нави мубталошавӣ то 60 ҳолат афзоиш меёбад. Муовини вазир далели афзоиш ёфтани мавридҳои нави сироятшавӣ аз коронавирусро  ба риоя накардани талаботи пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус рабт дод.

Зимнан, Юсупалиев қайд намудааст, ки сироятшавӣ аслан миёни нафароне, ки ба ҷойи кори худ баргаштанд мушоҳида мешавад.

"Дар айни ҳол, мо бояд ҳушёр бошем. Бо фаро расидани тирамоҳ эҳтимол мавҷи дуюми хуруҷи ин маризӣ сар занад", - илова намудааст муовини вазир.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буд.

1608
Барчаспҳо:
афзоиш, сироят, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медсестра выполняет ряд двигательных упражнений на пациенте с COVID-19 в больнице

Омори як ҳафтаи Хуҷанд: "илтиҳоби шуш" на ба занҳо раҳм дораду на ба мардон

0
(Таҷдидшуда 14:21 26.05.2020)
Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, аз муроҷиати сокинон собит мешавад, ки шумори сироятёбӣ ба “илтиҳоби шуш” миёни мардону занон баробар будааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби, Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд мегӯяд, аз омори муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир бармеояд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" дар байни мардону занҳо баробар аст. Ин маризӣ на ба мардон раҳм мекунаду на ба занон тараҳҳум дорад.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 18 то 24 - уми май ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 94 муроҷиати сокинон ба аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 48 нафар занон ва 46 нафар мардон буданд, ки ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилое, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, тӯли ҳафт рӯз (аз 18 то 24) ба ҳисоби беш аз 170 мавриди баландшавии табъ , 680 нафар аз ду тарафи соҳили руди Сир дар шаҳри Хуҷанд ба аломати бемориҳои мухталиф аз ҷумлаи фишорбаландӣ, бемориҳои қалбӣ, шамолхурдагӣ ва маризии қанд ба унвони маркази ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегӯяд бар асоси муроҷиати сокинон, ҳоло суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба ду ҳафтаи пеш ба маротиб поён рафтааст.

"Рӯзҳои охири моҳи апрел ва аввали моҳи май то 70 – 80 нафар муроҷиати сокинон бо ҳолатҳои баландшавии тасф ва гирифторӣ ба бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта мешуд. Хушбахтона ду ҳафтаи охир сапти ин қабил маризӣ то ба 14 –16 ҳолатӣ кам шудааст", - таъкид намуд сартабиб.

Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ мегӯяд, ба роҳ мондани табобати бемории илтиҳоби шуш дар марказҳои саломатӣ дар маҳалҳо ва ҳам гузаронидани корҳои тарғиботии пешгирии бемориҳои сироятӣ дар гашту гузори хона ба хона, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳама барои саломатӣ ба по хестаанд, ба коҳишёбии шиддати авҷи ин маризӣ таъсири амиқ расонидааст. Аммо бо ин вуҷуд масъулин таъкид меварзанд, ки ҳоло набояд барои кафкӯбию хурсандӣ аз пирӯзии мутлақ бар маризии "илтиҳоби шуш" шитоб кард, зеро эҳтимол дорад мавҷи дуюм ё давраи дигари ин маризӣ шурӯъ шавад.

Табибон мегӯянд, барои пурра нобуд шудани "вируси корона" нақши сокинон ҳам муҳим аст ва масъулияти баланд дар ин кор барои ҳар як нафар боз ҳам риояи гигиенаи тиббӣ аст.

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов чанде қабл дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори муроҷиати сокинон дар рӯзҳои 11 ва 17 уми майро шарҳ дода гуфта буд, ки давоми ин як ҳафта ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 339 даъват ё муроҷиати сокинон ба баландшавии ҳарорати бадан сабт шуда, маълум гардид, ки 196 нафар аз ин шумора бино бо сабаби хуруҷи бемории "илтиҳоби шуш" барои табобат ба бемористони клиникавии вилояти Суғд интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилоъи сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
омор, беморӣ, Хуҷанд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон