тамоку

Тоҷике, ки саркардаи спайсфурӯшон буд, дар Обнинск зиндонӣ шуд

99
(Таҷдидшуда 16:36 16.08.2017)
Додгоҳ аъзои гурӯҳи табаҳкореро, ки тоҷикон низ шомилаш буданд, аз 10 то 17 сол зиндонӣ кард. Ин гурӯҳро, ки шаҳрвандони Молдова ва Русия низ узваш будаанд, гӯё як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон раҳбарӣ мекардааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Додситони кулли Русия иттилоъ дод, ки дар шаҳри Обнински вилояти Калуга аъзои як гурӯҳи табаҳкор ба ҷурми муъомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва баробарҳояшон аз 10 то 17 сол зиндонӣ шудаанд.

Чуноне, ки ин манбаъ мегӯяд, ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, Молдова ва Русияро дар бар мегирифта ва саркардааш як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон будааст.

Дар раванди бозҷӯӣ ошкор карда шуда, ки 12 тан аз аъзои ин гурӯҳ дар шаҳри Обнинск ба воситаи ниҳонгоҳҳо аз моҳи август то октябри соли 2014 ба фурӯши маводи мухаддир машғул буданд. Гуфта мешавад, ҳама аъзои ин гурӯҳ асосан ҷавонони 23-сола то 30-сола будаанд.

Бино ба иттилоъи Додситонии кул, ин гурӯҳ худ маводи мухаддир аз навъи "спайс" низ омода мекарда ва фурӯши онро роҳандозӣ кардаву даромадашонро дар миёни аъзо тақсим мекардааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин "дастфурӯшҳо" ва операторҳое низ доштааст.

Табаҳкорон муттаҳам ба шаш маврид фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳафт маврид кӯшиши фурӯш ва ҳамчунин омода кардани 584 грамм маводи мухаддир шудаанд.

"Даҳ тан аз маҳкумшудаҳо аз 10 солу 6 моҳ то 17 сол аз дар зиндонҳои шадиднизом кайфарашонро таҳаммул хоҳанд кард", — гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Ду зане, ки аз ҳамдастони ин табаҳкорон шумурда мешуданд, ба далели доштани фарзанди камтавон ва кӯдакони хурдсол муҷозоти сабуктареро аз сар хоҳанд гузаронд.

99
Барчаспҳо:
маводи мухаддир, зиндон, Шаҳрванди Тоҷикистон, Обнинск, Русия