Қодиров Марямро бо 4 кӯдаки доғистонӣ аз Ироқ ба Русия баргардонд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкРамзан Кадыров. Архивное фото
Рамзан Кадыров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марям захмӣ шудааст, аз ин рӯ вайро дар фурудгоҳ пизишкон пешвоз мегиранд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз бозгашти панҷ кӯдаки бесарпарасти доғистонӣ аз Ироқ ба Русия хабар дод.

"Мехоҳам милёнҳо шаҳрванди Русияро хушнуд кунам. Ин дақиқаҳо ҳавопаймое аз Бағдод ба Грознӣ парвоз дорад, ки дар он узви Шурои Федеросюн Зиёд Сабсобӣ кӯдакони хурдсолро ба Меҳан боз меорад. Дар миёнашон Марям Шиҳобудинова, Хадиҷаву Фотима Зайнукова, Султонмурод Алиев ва Алӣ Муҳаммадов ҳастанд", — навиштаст Қодиров дар шабакаи Instagram.

Ба гуфтаи вай, Марям захмӣ шуда аст, аз ин рӯ дар фурудгоҳ гурӯҳи пизишкон пешвозаш мегиранд.

Ассаламу алайкум! Взрослые начинают военные конфликты, а гибнут и страдают тысячи и миллионы детей. Сегодня мы наглядно видим это на примере действий иблисского государства в Ираке и Сирии. Масштабы детской трагедии в этих странах не поддаются описанию и осмыслению. Безумная молодёжь везла в эти страны своих малышей со всего света. Они тысячами погибли в этом огненном котле. Судьбы выживших искалечены навсегда. У них не будет ни отца ни матери. Мы проводим огромную работу по поиску и возвращению российских детей. Это исключительно трудно и опасно. Но жизнь ребёнка бесценна. Поэтому прилагаем все возможные и невозможные усилия. Хочу обрадовать миллионы граждан России, которые следят за этой операцией, что в эти минуты из Багдада берет курс на Грозный самолёт, на борту которого мой представитель на Ближнем Востоке и Северной Африке, член Совета Федерации Зияд Сабсаби везёт на Родину малолетних детей. Среди них девятилетняя Марьям Шихабудинова. Она получила ранения. Сейчас в очень болезненном состоянии. По моему поручению Марьям встретит бригада врачей. Благодарю наше посольство в Ираке за выдачу ей въездного документа. Медлить с её вывозом нельзя было ни на один день. Также на борту находятся сёстры Хадиджа и Фатима Зайнуковы. Им 5 лет и 3 года. Мальчикам Султан-Мураду Алиеву и Али Магомедову по три годика. Все дети из Дагестана. Спасение детей — результат чёткой координации работы, проведённой по поручению Президента России Владимира Путина под руководством Администрации Президента РФ во главе с Антоном Вайно, усилий Председателя СПЧ Михаила Федотова, Главы Дагестана Рамазана Абдулатипова, МИД РФ, уполномоченных по правам ребёнка в РФ и ЧР — Анны Кузнецовой и Хамзата Хирахматова. Всем огромная благодарность! Я только что по видеосвязи поговорил с детьми. Они с нетерпением ждут встречи с родными. Счастливого пути! Да наставит Всевышний Аллах заблудших на путь истины! #Кадыров #Путин #Россия #Чечня #Iraq #Baghdad #Children

Публикация от Ramzan Kadyrov (@kadyrov_95) Авг 25 2017 в 2:35 PDT

 

Ба гуфтаи вай, Марям захмӣ шуда аст, аз ин рӯ дар фурудгоҳ гурӯҳи пизишкон пешвозаш мегиранд.

"Ман ҳамин чанде пеш бо кӯдакон бо видютелефон суҳбат кардам. Онҳо бесаброна дидори наздиконашонро интизоранд. Сафарашон бехатар бод!", — афзудааст вай.

Қодиров ёдоварӣ карда, ки падару модарони ҷавон фирефтаи таблиғоти доишиён шуда, кӯдаконашонро низ ба Ироқу Сурия бурданд. "Худ кушта шуданду ҳаёти фарзандонашонро низ сӯхтанд".

Чанде пеш хабар дода шуд, ки дар яке аз ятимхонаҳои Ироқ 5 духтарак ва писараке пайдо шуданд, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд.

Хабарнигори Russia Today ба ин ятимхона рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифта буд. Пас аз он гузориш маълум шуд, ки яке аз ин панҷ кӯдак аз Тоҷикистон аст.

Худи Марям гуфта буд, ки дар Миср таваллуд шудааст ва як додар ва хоҳар низ доштааст, ки онҳо ҳам дар Миср таваллуд шудаанд, аммо онҳо чанде пеш кушта шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон расман дархост кардааст, ки дар шиносоии ҳувият ва миллияти Марям ва хонаводааш ҳамкорӣ кунанд.

Сафорат мегӯяд, агар маълум шавад, ки Марям аз Тоҷикистон аст, кишвар ҳама талошашро хоҳад кард то ӯро ба Тоҷикистон бар гардонад.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ҷустуҷӯи наздикони Марям идома дорад, аммо ҳоло натиҷаҳо маълум нашудаанд. Умед меравад, ки касе ба воситаи наворҳои мунташирёфта ва акси духтарак ӯро мешиносад ва ӯ низ ба Тоҷикистон бар гардонида мешавад.

Акнун дониста аст, ки дар миёни он кӯдак ду Марям буда, ки яке аз Русия ва дигаре аз Тоҷикистон ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0