Мирзиёев дар оромгоҳи Ислом Каримов гулдаста гузошт

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев возложил цветы к могиле Ислама Каримова
Шавкат Мирзиёев возложил цветы к могиле Ислама Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев сафари кории худро ба Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи Ислом Каримов оғоз кард

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Шавкат Мирзиёев рӯзи якшанбе ба мақбараи нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов гулдаста гузошт.

Ба гузоришии Sputnik Узбакистон, "раисҷумҳури Узбакистон дар Самарқанд ҳузур дорад. Ӯ сафари кории худро аз зиёрати оромгоҳи Каримов оғоз кард".

Дар мақбараи асосгузори Узбакистони соҳибистиқлол, барои оромии рӯҳи ҷони Каримов дуо хонда шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки роҳбарии давлатро аз соли 1990 то 2 сентябри соли 2016 бар дӯш дошт, дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳамакнун бо дарёфти 88,61% овоз дар интихоботи президентӣ Шавкат Мирзиёев раҳбари ҳукумати Узбакистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0