Муҷассамаи Ислом Каримов

Дар назди муҷассамаи Ислом Каримов акс гирифтанро мамнуъ карданд

188
(Таҷдидшуда 09:25 03.09.2017)
Имрӯз дар Узбакистон рӯзи Ёдбуди Ислом Каримов эълон гардидааст. Аввалин раисҷумҳури Узбакистон як сол қабл- 2-уми сентябр ба хок супурда шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Соле қабл кишвари Узбакистон рсман эълон кард, ки Ислом Каримов вафот кардааст. Рӯзи гузашта ҳамсоякишвар 26-солагии истиқлолияташро ҷашн гирифт. Имрӯз дар Узбакистон рӯзи ёдбуди аввалин раисҷумҳури ҷумҳурӣ эълон шудааст.

Аввалин муҷассамаи Ислом Каримов дар Тошканд 31-уми августи соли ҷорӣ дар қароргоҳи  "Оқсарой (Қасри сафед), ко ҷойи кори вай ҳисоб мешуд, ифтитоҳ ёфт. Аз 1-ми сентябр сар карда сокинон гурӯҳ гурӯҳ шуда, барои  дидани муҷасамаи Ислом Каримов омаданд. Азбаски ҳайкал дар дохили қароргоҳ аст, 30-40 тамошобинро якҷо карда ба дохил роҳ медоданд.

"Мо маҷбур бо кӯдакон дар назди дари бинои ҳукуматӣ қариб 20 дақиқа интизор шудем. Зеро одамонро ба он ҷо гурӯҳ гурӯҳ карда роҳ медоданд",- гуфтааст яке аз сокинони Тошканд.

Пас аз ворид шудан ба ба мардум иҷоза надоданд, ки дар назди муҷассамаи Ислом Каримов акс гиранд. Танҳо посбонон гуфтанд, ки ҳайкал амволи давлатӣ буда, акс гирифтан дар назди он мамнуъ аст. Сокинон муҷассамаро тамошо  карда гулу гулдастаҳояшонро дар пойи Ислом Каримов гузошта берун шуданд.

Ислом Каримов соле қабл аз бемории сактаи майнаи сар вафот кард. Вайро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супурданд.

188
Барчаспҳо:
ёдбуд, Ислом Каримов, Узбакистон

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

113
(Таҷдидшуда 15:45 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори дақиқи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон беш аз 30 ҳазор кас гирифтори маризии COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 738 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст.

"То 9 август дар ҳудуди Ӯзбекистон 30 197 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон афзуда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус ба 190 нафар расид.

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Дар баробари ин дар Ӯзбекистон беш аз 21,3 ҳазор кас аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

 

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID - 19 дар бадани як мусофир, ки аз Фаронса омада буд, дарёфт гардид.

Пас аз гирифторӣ ба коронавирус кадом витаминҳоро бояд истеъмол кард?: посухи табиб

Дар Ӯзбекистон то 15 август карантин ҷорӣ гардидааст.

113
Барчаспҳо:
маризон, беморон, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Бухара, старый город

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

142
(Таҷдидшуда 13:21 09.08.2020)
Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуданд. Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабӣ аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз 10 август дар ҳудуди Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ пай дар пай бардошта мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ҳокимияти вилояти Бухоро хабар медиҳад.

Аз фардо фаъолияти муассисаҳои зерин иҷоза дода хоҳад шуд:

  • тарабхона, кафе ва дигар маконҳои истеъмоли таом (дар баробари ин баргузории шабнишиҳо ва чорабиниҳои оммавӣ дар дохили онҳо иҷоза дода намешавад);
  • меҳмонхонаҳо;
  • тамрингоҳҳо барои машқи бадан;
  • марказҳои омӯзишии ғайридавлатӣ (дар гурӯҳ набояд беш аз 10 кас ҳузур дошта бошад);
  • кӯдакистонҳои хусусӣ ё ғайридавлатӣ;
  • бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ;
  • сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн. 

Пештар маҳдудиятҳои карантинӣ дар вилояти Фарғона сабуктар карда шуд.

Аз 3 август дар ин минтақа фаъолияти бозору марказҳои савдо, кошонаи ҳусн ва муассисаҳои хусусии томактабиро иҷоза доданд.

142
Барчаспҳо:
маҳдудият, қавонин, Бухоро
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент РФ Владимир Путин и председатель КНР Си Цзиньпин

Алвидоъ, доллар: Русия ва Чин ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёфтанд

0
Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Русия ва Чин дар роҳи паст кардани вобастагӣ аз доллар фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, чунин ранг гирифтани ҳол метавонад дар натиҷа байни Пекин ва Маскав "иттиҳоди молие" -ро ба миён орад, менависад нашрияи машҳури ҷопонӣ Nikkei Asian Review.

Нашрия ба маълумоти Бонки марказии Русия ва Хадамоти федеролии гумруки кишвар истинод мекунад. Бино бар омори ниҳодҳои мазкур, бори нахуст дар торихи ҳамкориҳои тиҷории Русияву Чин саҳми доллар ба камтар аз 50 дар сад афтодааст.

"Доллар фақат барои 46 дар сади муҳосибаи байни Русия ва Чин истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол евро 30 дар сад ва пули миллӣ 24 дар сади муҳосибаҳои ду кишварро ташкил медиҳанд", - омадааст дар гузориши Nikkei Asian Review.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

Таъкид мешавад, ки солҳои охир, Русия ва Чин дар солҳои охир дар савдои дутарафаашон истифодаи долларро ба маротиб коҳиш доданд.

"Дар соли 2015 қариб 90 дар сади савдои дутарафа тавассути доллар анҷом дода мешуд. Аммо пас аз оғози ҷанги тиҷории байни Амрико ва Чин кӯшишҳои мувофиқакардашудаи Маскав ва Пекин ин нишондод дар соли 2019 камтар аз 50 дар садро ташкил дод", - тавзеҳ медиҳад Nikkei Asian Review.

Тавре мудири Институти тадқиқотҳои Шарқи дури АИР Алексей Маслов гуфт, "дедолларизатсия" ё долларгурезии Амрикову Чин ба "қулла" наздик мешавад, ки метавонад муносибатҳои Маскав ва Пекинро то "иттиҳод" расонад.

"Ҳамкориҳои Русия ва Чин дар соҳаи молия аз он мегӯяд, ки онҳо дар ниҳоят дар ҳоли ёфтани параметрҳои иттиҳоди ҷадид бо якдигар ҳастанд. Бештаринҳо интизор доштанд, ки ин иттиҳод ё тиҷорӣ ё низомӣ хоҳад буд, аммо он ҳоло бешатр ранги молӣ мегирад. Ин барои ҳарду кишваркафолати мустақилӣ медиҳад", - гуфт вай.

Nikkei Asian Review қайд мекунад, ки "дедолларизатсия" аз соли 2014 авлавият дошт. Русия ҳамчунин пас аз таҳримҳои ИМА маҷбур шуд, ки ба асъори амрикоӣ ҷойгузин ёбад.

"Ҳамагуна амалиёти бонкие, ки дар тамоми ҷаҳон тавассути доллар анҷом дода мешаванд, дер ё зуд аз бонки амрикоӣ мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Амрико метавонад ба ин бонк супориш диҳад, ки ин ё он амлиётро мутаваққиф кунад", - тавзеҳ дод иқтисодшиноси ING Bank  дар Русия Дмитрий Долгин.

Дедолларизатсия пас аз ворид намудани миллиардҳо доллар молиёт ба колои чинӣ аз ҷониби ҳукумати Доналд Трамп фарохтар гардид.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

"Танҳо ба наздикӣ Чин ва иншоотҳои бузурги иқтисодӣ дарк карданд, ки онҳо низ дар вазъи ҳамтоёни русашон метавонанд қарор гиранд: зери таҳримҳо монанд ва ҳатто аз системаи SWIFT берун оянд", - иқрор мешавад, корманди илмии Маркази тадқиқотҳои Шонгхойи донишгоҳи Чжан Син.

Дар натиҷа дар соли 2014 Русия ва Чин созишномаи сесолаи мубодилаи асъорӣ бастанд. Он ба Маскав ва Пекин имконият дод, ки асъори якдигарро бе харидорӣ намудан аз бозори асъор дастрас карда тавонанд. Соли 2017 ин созишномаро ба 3 соли дигар тамдид карданд.

Тобистони соли 2019 ҷонибҳо созишномаи ивазкунии доллар ба пули миллӣ дар савдои байналмилалиро бастанд. 

Афзун бар ин, Русия аз ҳисоби доллар захираҳои юанро фаъолона бой мекунад. Бино бар иттилои Nikkei Asian Review Русия захираи чоряки юанро дар бозори ҷаҳонии асъор азхуд кардааст.

Тавре Маслов мегӯяд, кӯшиши Русия дар ҷамъоварии юан на танҳо бо мутанаввиъ намудани захираҳои асъори кишвар вобаста аст.

"Русия дар муносибат бо Амрико нисбат ба Чин мавқеи қатъиеро ишғол мекунад. Русия ба мубориза одат кардааст, он ба гуфтушунид намебарояд. Русия ба ҳамкории молӣ бо Чин нишон медиҳад, ки Чин низ мавқеашро мисли ӯ қатъӣ карда метавонад", - афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол вожгун кардани доллар осон нест.
Ба гуфтаи иқтисодшиноси Донишгоҳи Ҳорвард Ҷеффӣ Франкел, доллар якчанд афзалият дорад, ки то ҳол ягон асъори кишварҳои дунё бо он баробар шуда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос иқрор мешавад, ки вазъи долларро қарзи давлатии Амрико ва сиёсати таҳримбардори кишвар метавонад коста кунад.

Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

"Таҳримҳо як воситаи муҳими Амрико мебашанд, аммо кӣ гуфта наметавонад, ки дигарон низ метавонанд ин роҳро пеш гиранд", - гуфт дар анҷом иқтисодшинос.

0