Сотрудники полиции стоят на территории торгового-ярмарочного комплекса Москва в Люблино, архивное фото

Фурӯшгоҳи "Масква"-ро бастанд

133
(Таҷдидшуда 18:56 21.09.2017)
Мағозаҳои дохили фурӯшгоҳ аз соати 14:30 баста шуданд. Фурӯшандагон гуфтанд, вазъи дохили бозор ором аст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳанд, имрӯз фурӯшгоҳи "Масква"-ро, ки рӯзи гузашта муҳоҷирони тоҷик  ба нишоти эътироз ба лату кӯби аробакашони тоҷик дар ин фурӯшгоҳ тазоҳурот ба амал оварада буданд, бастанд. Гуфта мешавад далели баста шудани фурӯшгоҳ нақзи фаннӣ аст.

Яке аз фурӯшандагон гуфтааст, вазъи дохили бозор ором аст.

Бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз мудирияти бозор талаб кардаанд, ки нигаҳбонҳоеро, ки Наврӯз Каримовро лату кӯб кардаанд, ба додгоҳ бикашанд.

Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки дар бозор аробакашӣ мекарда, бе иҷозаи нигаҳбонон бору колоҳоро аз як роста ба дигар роста бурда, ки хашми нигаҳбононро бар ангехтааст.

133
Барчаспҳо:
аробакаш, бозор, лату кӯб, фурӯшгоҳи "Масква", Русия
Мавзуҳо:
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)