Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Боздошти нависандаи маъруфи Узбакистон - Нуруллоҳ Отахонов

160
(Таҷдидшуда 09:47 28.09.2017)
Соли 2015 нависанда бо сафари корӣ ба Туркия рафт ва қарор дод, ки ба муҳлати муайян ба Узбакистон бар нагардад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Нависандаи маъруфи Узбакистон Нуруллоҳ Отахонов ҳангоми бозгашт аз Туркия дар фурудгоҳи Тошканд дастгир шуд.

Хабаргузории РИА Новости  аз қавли ҳамсари нависанда мегӯяд, ки "Отахонов ҳангоми бозгашт аз Истамбул дар фурудгоҳи Тошканд боздошт шуд".

Ба гуфти ҳамсари нависанда, айни замон Отахонов дар яке аз шуъбаҳои ВКД Тошканд қарор дорад.

Ҳамсари нависанда сабаб ва ҷузъиёти боздошти шавҳарашро нагуфтааст.

Кормандони ВКД Узбакистон то ҳол қазияро тавзеҳ надодаанд.

Отахонов (тахаллуси эҷодии Нуруллоҳ Муҳаммад Рауфхон) фориғуттаҳсили бахши забони узбекии факултаи филологияи Донишгоҳи Тошканд (соли 1981) мебошад. Ӯ муаллифи чандин асар, сенариҳои филм ва ҳамчунин асарҳои публисистӣ ва адабӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин сармуҳаррири яке аз маъруфтарин маҷаллаҳои Узбакистон "Ҳидоят" мебошад.

Ба гузориши расонаҳо, нависанда соли 2015 нависанда бо сафари корӣ ба Туркия рафт ва қарор дод, ки ба муҳлати муайян ба Узбакистон бар нагардад.

160
Барчаспҳо:
боздошт, Нурулло Отахонов, Узбакистон