Здание парламента Кыргызстана. Архивное фото

Маҷлиси Қирғизистон қарордоди марзӣ бо Узбакистонро тасвиб кард

19
(Таҷдидшуда 18:17 28.09.2017)
Маҷлиси қонунгузори Қирғизистон дар охирин хониш қарордоди марзӣ бо Узбакистонро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сарони кишварҳои Қирғизистон ва Узбакистон Алмосбек Отамбоев ва Шавкат Мирзиёев 5 сентябр қарордоди марзиро имзо карда буданд, ки бар асоси он 85 дарсад аз хатти марзи ду кишвар барои нахустин бор таърифу муайян шуда буд.

Дар он дидор, ки дар Бишкек баргузор шуда буд, сарони ду кишвар эълом карда буданд, ки музокирот барои муайяну таъриф кардани манотиқи баҳсбарангез, ба вижа бурунбумҳо (анклав) идома хоҳанд ёфт ва дар наздиктарин замон баргузор хоҳанд шуд.

Дар иттилоияе, ки маркази матбуотии Жогорку Кенеш — Маҷлиси қонунгузори Қирғизистон мунташир карда, гуфта мешавад, ки намояндагони маҷлис дар ҷаласаи рӯзи 28-уми сентябр пешнависи Қонуни тасвиби қарордоди марзии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбакистон аз торихи 5 сентябри 2017-ро баррасӣ ва тасвиб кардаанд.

Ин қонун пас аз он, ки сарони ҳар ду кишвар онро имзо кунанд, иҷроӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев онро дар дидорашон дар Тошканд, ки қарор аст 5 октябр баргузор шавад, имзо кунанд.

19
Барчаспҳо:
қарордоди марзӣ, аломатгузорӣ, марзбандӣ, Жогорку Кенеш, Қирғизистон-Узбакистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)
Мавзуъ
Чин ваъда дод, ки дар посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
Аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек баррасӣ шуд
Тоҷикистону Узбакистон марзашонро аломатгузорӣ карданд
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

153
(Таҷдидшуда 23:38 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Далер Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Давлат Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, мегуфт ", - афзуд Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров ба ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад.

Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

153
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: Эрон ба ғайр аз ду кишвар бо ҳамсоягони худ равобити хуб дорад

525
(Таҷдидшуда 17:55 08.07.2020)
Раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ҳайати давлат равобити Теҳрон бо кишварҳои ҳамсояро хуб арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ҳайати давлат, таъкид доштааст, ки кишвараш таомули бисёр хубе бо кишварҳои ҳамсоя дорад, албатта ба ғайр аз ду кишваре, ки худашон намехоҳанд бо Теҳрон робита дошта бошанд.

Ба нақл аз хабаргузории "Парстудей", Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ин ҷаласа бо ишора ба зарфиятҳои бандари Чобаҳор, афзуд, зарфияти бандари Чобаҳор ба унвони танҳо бандари уқёнусии кишвар аз 2.5 миллион тон ба 8.5 миллион тон расида, ки ин иқдом таҳаввуле бузург барои хатти транзитии ҷануб ва шимол аст.

Раисҷумҳури Эрон эҳдоси роҳи оҳани Ҷануб - Шимолро як тарҳи миллӣ ва байналмилалӣ донист ва изҳор дошт. Ин хатти роҳи оҳан аз уқёнуси Ҳинд дар Чобаҳор шуруъ мешавад ва ба ҳамаи хутути роҳи оҳан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Чин, Русия ва Аврупо муттасил мешавад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тавтеаҳои кишварҳои ғарб нисбати Эрон афзуд, мардум ва масъулони Эрон даст дар дасти ҳам тавтеаҳои душманонро хунсо мекунанд.

525
Барчаспҳо:
ҷаласа, рӯҳонӣ, ҳамсоя, ҳамсоядорӣ, равобит, Раисҷумҳур, Эрон
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России

Дар Россия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

0
Як таҳқиқот муаян кардааст, ки бештар аз 50% муҳоҷирон дар Русия тамоми манбаҳои даромади худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Русия, бар асари пандемияи коронавирус бештар аз ҳама муҳоҷирони меҳнати азият кашиданд, хабар медиҳад рӯзномаи тиҷоратии “Ведомости” бо истинод ба як пурсиши РАНХиГ.

Аз рӯйи натиҷаҳои ба даст омада, 40%-и муҳоҷирон ҳангоми пандемия бекор шуданд.

Илова бар ин 35%-и муҳоҷирон маҷбур буданд ба рухсатии бемузд раванд.

Бештари тағирот ба муҳоҷироне, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, таъсир расонд. Ҳамин тавр, 76% хориҷиён ҷои кори худро аз даст доданд ё ба рухсатии маҷбурӣ рафтанд.

Дар уммум 51% муҳоҷирон дар Русия ва 54% шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав гуфтаанд "ҳамаи манбаҳои даромад"-ро аз даст додаанд. Ҳамзамон, болоравии даромадҳо ва ё дар як сатҳ боқӣ мондани он танҳо 19% боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол ҷараёни муҳоҷират ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 2 маротиба кам шудааст.

0