ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба қаҳрамонони Бозиҳои V осиёӣ ва мураббиҳо худравҳо туҳфа кард.
Дар ин бора рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад.
Маросими туҳфасупорӣ дар Маркази созмонҳои ҷамъятии Туркманистон баргузор шудааст. Бозиҳои осиёӣ рӯзи чаҳоршанбе анҷом ёфт. Пирӯзӣ насиби дастаи варзишкорони Туркманистон шуд.
"Дар умум раисҷумҳур барои варзишкороне, ки дар Бозиҳои осиёӣ медоли тилло ба даст оварданд ва мураббиён 94 худрави тамғаи Toyota Camry GL Executive тақдим кард. Панҷоҳу чаҳор варзишкор бо медолҳои нуқрагӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори 5 ҳазор дулор, 77 варзишкрори дигар, ки медолҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд, 3 ҳазор дулор гирифтанд".
Ҳамчунин бархе аз варзишкорон ва мураббиён бо унвонҳои "Устоди шоистаи варзиши Туркманистон" ва "Мураббии шоистаи Туркманистон" сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ҷоизасупорӣ раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ташвиқи тарбияи ҷисмониро аз афзалиятҳои сиёсати Туркманистон номида гуфт, ки "тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Туркманистон чун захираҳои пурқудрати мутаҳҳидкунанда ва дилгармкунандаи мардум барои тай кардани қуллаҳои бузург аст".
Дар Бозиҳои осиёӣ варзишкорони Туркмнистон 245 гирифтанд. Аз он — 89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ мебошанд.
Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 125 варзишкор ширкат кард. Миллипӯшони тоҷик аз Ишқобод бо 51 медол, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, баргаштанд. Медолҳои тиллоро Мижгона Самадова дар риштаи кикбоксинг ва Акмалиддин Каримову Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи самбо ба даст оварданд.
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гуландом Субҳонова, собиқ вакил дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони кишвар интихоб гардид. Дар ин бора расонаҳои кишвар хабар медиҳанд.
Пештар раиси ин марказ шоир, олим ва файласуф Ҷаъфари Муҳаммад истеъфо дода буд.
"Гуландом Субҳонова раиси нави Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон интихоб карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳамчунин оинномаи нави Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия шудааст, қабул гардид ва барои тасдиқ ба Вазорати адлияи ҶӮ ирсол хоҳад шуд.
Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, миллаташ – тоҷик. Соли 1971 донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст.
Борҳо вакили шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияҳои он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Муддати ду соли охир муовини якуми раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон буд.
Маркази миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Феълан сохтори он ба ҷуз идораи марказӣ аз шаш шуъбаи вилоятӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Қашкадарё, Сирдарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, ва Самарқанд ва ду шуъбаи шаҳрӣ – "Ориёно" дар Тошканд ва "Суғдиён" дар Чирчиқ иборат аст.
Дар қатори лоиҳаҳои калоне, ки ин марказ амалӣ намудааст, метавон роҳандозии ҷашнвораҳоро бахшида ба 2700-солагии Авасто, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ном бурд.
Масъуди Мирзо дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии тоҷикон интихоб шуд-акс
Марказ ҳар сол Рӯзи забони тоҷикӣ, мушоираҳо, мулоқот бо адибони тоҷик, озмуни донандагони беҳтарини таъриху фарҳанги тоҷик, мусобиқаи фарогир оид ба бозии қадимаи ниёгони мо – шоҳмот доир менамояд, дар таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон ва ғайра ҳиссаи муносиб мегузорад.
Бо Марказ бисёр шахсиятҳои маъруфи Ӯзбекистон – фарзандони миллати тоҷик, амсоли академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, поягузори Мактаби байналмилалии кайҳоннавардони наврас Шавкат Воҳидов, Қаҳрамони Ӯзбекистон, меъмори самарқандӣ Мирумар Асадов ва дигарон ҳамкорӣ доранд.
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Панҷумин нишасти комиссиюни ҳамкориҳои байнипорлумонии маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Русия бо ҳузури Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Илёс Умахонов, муовини раиси Шӯрои федерасиюни маҷлиси федералии Русия ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Дар ин нишаст эълом шуд ҳамкориҳои муассир байни маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Шӯрои федерасиюни Русия барои тавсеъа ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби сохторҳои порлумонии муътабари байналмиллалӣ кумак мекунад.
Тарафҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи муҷтамаъи зироъӣ ва саноъатӣ дар шароити коронаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард
Тибқи баррасиҳои анҷомшуда дар соли 2020 мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар нисбат ба соли 2019, 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.
Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй ба маъраз гузошта шуд.
Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.
Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир мегардад.
Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад
Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.