Атамбаев — Мирзиёеву: я всегда считал вас своим братом

Мирзиёев ба Отамбоев: ҳеч мушкил нест, ки осон нашавад

95
(Таҷдидшуда 21:37 06.10.2017)
Узбакистону Қирғизистон чанд санади ҳамкорӣ дар заминаҳои низомиву иқтисодӣ ва протоколи пазириши қарордоди марзиро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дастоварди сафари расмии раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отмабоев ба Узбакистон имзои дувоздаҳ санади ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун бо раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев шуд.

Здание парламента Кыргызстана. Архивное фото
Официальная страница пресс-центра парламента Кыргызстана в Facebook

Ҳеч мушкил нест, ки осон нашавад

"Дар воқеъ мушкил бисёр дорем, вале мо — раҳбарони ду кишвар, бо иродаи сиёсии худ роҳи ҳаллашонро пайдо кардем. Ҳеч мушкил нест, ки осон нашавад. Ин музокирот наздикӣ ва ҳамсонии рӯйкардҳои ду кишвар дар ҳаллу фасли мубрамтарин масоилро ошкор карданд", — гуфт Шавкат Мирзиёев дар нишасти расонаӣ пас аз дидору музокирот бо Алмосбек Отамбоев.

Раҳбари Узбакистон имзои Баёнияи ҳамкории раҳбурдӣ ва таҳкими дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимод миёни ду кишварро гоми бесобиқа дар торихи равобити Тошканду Бишкек хонд.

"Ин ки мегӯем, ки ҳама масоили марзиро аз миён бардоштаем ва набояд бар сари сохтусози нерӯгоҳи Қамбарота баҳс кунем, балки онро ҳамроҳ бисозем, манзурамон ин аст, ки инҳо ҳама аз баракати хадамоти Шумост", — гуфт раисҷумҳур Отамбоев дар посух ба Мирзиёев.

Раҳбари Қирғизистон афзуд, ки "агар дар наздиктарин замон битавонем мавзуъи баҳсҳои марзиро ҳалл кунему санадҳои ҳамкорӣ дар заминаи таробарӣ ва рафту омад имзо кунем, мардумони ду кишвар моро ба некӣ ёд хоҳанд кард".

Марз, амният, тиҷорат

Дар паи ин музокирот 12 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун — низомӣ, иқтисодӣ, гардишгарӣ, ҳамкориҳои вилоятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва дигар заминаҳо имзо шуд. Ҳамчунин сарони ду кишвар қарордоди пазириши 85 дарсад аз хатти марз миёни кишварҳоро имзо карданд.

Вазоратҳои умури дохила қарордоди ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва равонгардону пешмоддаҳояшонро имзо карданд.

Вазоратҳои дифоъ низ қарордоди ҳамкорӣ дар заминаҳои низомӣ ва дифоъиро ба имзо расонданд.

Вазорати бозаргони хориҷии Узбакистон ва Вазорати роҳу таробарии Қирғизистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карда ва хостори густариши гардиши коло миёни ду кишвар ва роҳандозии корхонаҳои муштарак шуданд.

Ҷолиб аст, ки дар поёни ин музокирот ва дар ҳузури ҳайъатҳои расмии ду кишвар Шавкат Мирзиёев ба расми ёдгор як ҷилд аз ҳамосаи қирғизии "Манас"-ро тақдим кард, ки дар Тошканд ба забони узбакӣ мунташир шудааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ахир равобит миёни ду кишвар чандон гарму дӯстона набуд. Ду кишвар ҳамвора бар сари хатти марз баҳс доштанд ва гоҳе низ задухӯрдҳое миёни марзнишинони узбаку қирғиз рух медод. Аз ҷумла дар оғози соли 2016 Узбакистону Қирғизистон барои чанд моҳ гузаргоҳҳои марзии худро баста буданд.

Аммо дар соли 2016 бо расидани Шавкат Мирзиёев ба қудрат дар Узбакистон ҷаҳише бесобиқа дар равобити ду кишвар рух дод. Чунончи, дар моҳи августи соли 2016 музокироти марзӣ миёни ду кишвар аз сар гирифта шуд. Сарони ду кишвар 5 сентябр пешнависи қарордоди марзиро имзо карданд, ки бар асоси он камобеш 85 дарсад аз хатти марз миёни Узбакистону Қирғизистон мушаххас ва аломатгузорӣ шуд. Бар асоси ин пешнавис ҳар ду кишвар қонунҳои пазириши 85 дарсад аз хатти марзро тасвиб карданд.

95
Барчаспҳо:
беҳбуди равобит, аломатгузорӣ, марзбандӣ, Шавкат Мирзиёев, Алмосбек Отамбоев, Узбакистон-Қирғизистон
Мавзуъ
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев