Реджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото

Эрдуғон: Туркия ниёзе ба Амрико надорад!

79
(Таҷдидшуда 18:36 12.10.2017)
Туркия ҳеч ниёзу вобастагие ба Амрико надорад ва аз ин пас ҷангафзорҳои амрикоиро ба кор нахоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасте бо устондорон дар Анкара эълом кард, ки Туркия худ ҷангафзорҳои мавриди ниёзашро тавлид мекунад ва дигар силоҳу таслиҳот ворид нахоҳад кард.

"Туркия ҳеч ниёзу вобастагие ба Амрико надорад ва аз ин пас аз ҷангафзорҳои амрикоӣ истифода нахоҳем кард", — таъкид кард вай.

Раисҷумҳури Туркия афзуд, ки аз тасмими ахири Амрико, ки аз додани раводид ба шаҳрвандони Туркия даст кашида, шигифтзада шуда, вале "дар баробари тасмимҳое, ки бар зиёни мо гирифта шудаанд, хомӯш нахоҳем нишаст".

"Сафири Амрико дар Анкара омили сар задани ин буҳрон аст. Сафорати Амрико дар Анкара хабар дод, ки тасмим барои боз истондани судури раводидро Вашингтон гирифтааст", — тавзеҳ дод вай.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Туркия бо ҳамтои русияш Владимир Путин дар Анкара дидору гуфтугӯ карда буд. Дар ин дидор сарони ду кишвар бар яксонии мавзеъгирии ду кишвар дар масоили калидии Ховари Миёна, аз ҷумла якпорчагии қаламравҳои Ироқу Сурия, таъкид карданд.

Путин ва Эрдуғон ҳамчунин омодагии ду кишварро барои идомаи ҳамкорӣ дар заминаи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия эълом карданд.

Сарони ду кишвар дар ин дидор ҳамчунин ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Ин панҷумин дидори Путин ва Эрдуғон дар соли ҷорӣ буд. Пеш аз ин раисҷумҳури Туркия дар моҳҳои март ва май ба Русия сафар карда буд ва ду дидори дигар дар Пекин ва Ҳамбург баргузор шуда буд.

79
Барчаспҳо:
равобити Туркия-Амрико, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Туркия-Амрико
Мавзуъ
Туркия барои мубориза бо Фатҳуллоҳ Гулен ва ДОИШ донишгоҳи исломӣ таъсис медиҳад
Туркия ва Тоҷикистон мушкилоти шаҳрвандонашонро баррасӣ карданд
Туркия ва Тоҷикистон ашхоси дар пайгарди "Интерпол" бударо ҳамроҳ меҷӯянд
Дар посух ба курдҳо: Эрону Туркия ҳамкориҳои низомии худро густариш медиҳанд
Актер Михаил Кокшенов.

Даргузашти ҳунарманди советӣ - Михаил Кокшенов

157
(Таҷдидшуда 18:13 05.06.2020)
Сабаби вафоти ҳунарманд то кунун муайян нашудааст. Кокшеновро мардум бо нақшҳои муассираш дар филмҳо мешиносанд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Михаил Кокшенов - ҳунарманди шӯравӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Russia Today хабар медиҳад.

Даргузашти писари хурдии қаҳрамони Тоҷикистон аз коронавирус ва бемории писарбузургаш-ак

Аз даргузашти ҳунарманд шоира Любов Воропаева хабар додааст. Михаил Кокшенов дар синни 83-солагӣ даргузашт. Сабаби фавти ҳунарманд то ҳол маълум нест.

Кокшенов бо нақшҳояш дар филмҳои "Спортлото - 82", "Самая обаятельная и привлекательная", Ширли-мырли" ва дигарҳо машҳур аст.

157
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Русия
Сотрудники МЧС РФ проводят дезинфекцию

Собянин гуфт, кай карантинаи Маскав қатъ мешавад

447
(Таҷдидшуда 13:20 05.06.2020)
Шаҳрдори Русия Сергей Собянин қатъ гардидани карантина дар ҳамаи бахшҳои зиндагии мардуми Маскавро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мири шаҳри Маскав Сергей Собянин дар суҳбат бо шабакаи "Россия" гуфт, ҳамаи чораҳои маҳдудкунанда дар бахшҳои зиндагии бошандагони Маскав то 1 июли соли ҷорӣ бардошта хоҳад шуд.

"Марҳила ба марҳила то 1 июл ҳамагуна маҳдудиятҳое, ки имрӯз ҷорӣ аст, бардошта мешавад", - гуфт ӯ.

Ба гуфти Собянин реҷаи бардошта шудани маҳдудияти марҳилавӣ то рӯзи 8 июн маълум мешавад.

Шаҳрдори Маскав мегӯяд, тақрибан пас аз ду-се ҳафта, беморхонаҳои шаҳр ба реҷаи муқаррарии корӣ мегузаранд ва ба беморон хизмат мекунанд. 

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ояндаи наздик беморхонаҳои касбӣ маризони коронавирусро табобат хоҳанд кард. Дар баробари ин беморхонаҳои муваққатӣ фаъол хоҳанд буд.

Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, то 4 июни соли равон дар Русия 441 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудаанд.

Собянин: корхонаҳои саноатию сохтмонҳо кушода шаванду аҳолӣ дар хона монад

Теъдоди бештарини маризон дар Маскав - 190 ҳазор кас - сабт шудааст.

 

Дар баробари ин суръати афзоиши гирифторӣ ба ин беморӣ дар Маскав паст шудааст.

447
Барчаспҳо:
вируси нав, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

269
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

269