Лола Каримова

Аз Гулнора намонам: Лола Каримова дар интернет акси нимурёнашро мунташир кард

1505
(Таҷдидшуда 18:37 21.10.2017)
Дар акс духтари раисҷумҳури пешини Узбакистон либосе пӯшидааст, ки ҳамранги бадан аст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ба наздикӣ духтари хурдии аввалин раисҷумҳури Узбакистон дар  саҳифаи иҷтимоии Инстаграм акси нимурёни худро мунташир кард.

Лола Каримова-Тиллоева, ки пештар нисбат ба хоҳари калониаш Гулнора Каримова либоси пӯшида ба бар мекард ва фарҳанги шарқиёнаро то ҷойе риоя мекард, дар Инстаграм аксеро гузоштааст, ки корбарони интернет аз он шигифтзада шуданд. Дар он чунин менамояд, ки вай нимурён аст.

 

 

Дар асл Каримова-Тиллоева либосеро ба бар кардааст, ки аз матои ҳамранги бадан омода шуда, бинандаро фиреб медиҳад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, Каримова аз баски намояндаи Узбакистон дар ЮНЕСКО аст, бояд ба ин амал даст намезад.  Ба фикри онҳо духтари раисҷумҳури пешини Узбакистон бо ин кораш кишварро дар хориҷ шарманда кардааст. Дигарон умедвор шуданд, ки ин акси нимурёни Лола Каримова бори авал ва бори охир аст ва Лола салиқаи Гулнораро пеш нахоҳад гирифт.

1505
Барчаспҳо:
акс, Лола Каримова, Ӯзбекистон
Священный коран в мечети

Китоби Қуръонро барои TikTok пора - пора кард: боздошти шаҳрванди Ӯзбекистон

2033
(Таҷдидшуда 18:24 30.10.2020)
Шахсияти марде, ки ин ҳодисаро ба навор гирифтааст муайян карда шуда ва ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон як шаҳрвандеро боздошт кардаанд, ки дар пеши чашми ҳазорон корбари интернет китоби Қуръонро пора кардааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ВКД.

Рӯзи 29 октябр дар шабакаи иҷтимоии TikTok наворе паҳн шудааст, ки дар он марде, ки худро бедин мехонд, китоби муқаддаси мусалмонон Қуръонро пора кард. Ин навор  дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш ва баҳси зиёде ба бор овард.

Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс

"Парванда таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Дар натиҷаи тафтишот шахсияти марде, ки навор гирифтаву дар интернет паҳн кардааст, муайян карда шуда ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи итилои манбаъ, нисбати ин мард бар асоси моддаи 156  қисми 2 Кодекси ҷиноӣ ("Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ") парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мусалмонони дунё барои тасвирҳои танзомези Муҳаммад дар Фаронса ба по хестанд - навор

Қаблан, аз мардуми Ӯзбекистон даъват шуд, ки ба хотири карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с), ки дар аввали моҳи сентябр аз ҷониби маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo нашр шуд, ба эҳсосот дода нашаванд.

2033
Барчаспҳо:
ВКД, пора, Қуръон, китоб, Ӯзбекистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

592
(Таҷдидшуда 11:44 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўзи 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

592
Пожар, архивное фото

Сержант то омадани оташнишонҳо сӯхторро хомӯш кард

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз бурдани корҳои зиёди пешгирикунанда, ҳамоно бисёре аз масъулини дӯкону марказҳои савдо, мағозаву бозорҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нодида мегиранд

ДУШАНБЕ,  31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 29 ба 30-юми октябри соли равон тахминан соати 01:00, дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе, дар нуқтаи савдои тезтайёр сӯхтор сар зад.

"Дар ин ҳангом корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед, ки дар ин минтақа хизмат мебурд, ин ҳодисаро пай бурда, дар баробари хабар додани ба бахши оташнишонӣ, худ низ дарҳол аз паи хомӯш намудани сӯхтор мешавад. Мавсуф ба воситаи тирезаи нуқтаи савдо ворид онҷо шуда, оташро дар як муддати кӯтоҳ хомӯш мекунад", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа аз таъсири алангаи оташ қисми рости пешонии сержанти хурди милитсия Мирзоев Хуршед осеб дидааст. Айни ҳол номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар Раёсати тибби ВКД таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

ВУД таъкид кардааст, ҷасорат, масъулият ва садоқати корманди милитсия буд, ки ин ҳодисаи сӯхтор хомӯш карда шуду дигар ашёҳои нуқтаи савдо аз коми оташ эмин нигоҳ дошта шуданд.

0
Барчаспҳо:
оташхомӯшкунӣ, сӯхтор, Тоҷикистон