Дар масҷид, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур ба раиси парлумон нусхае аз Қуръони Каримро ҳадя кард

307
(Таҷдидшуда 15:01 26.10.2017)
Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо раиси тозаинтихоби Маҷлиси Қирғизистон дидор кард ва ӯро ба муносибати интихоб шуданаш шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо раиси тозаинтихоби Маҷлиси Қирғизситон Достон Ҷумъабеков дидор карда, ба вай нусхаи китоби муқаддаси Қуръонро ҳадя кардааст.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон  рӯзи гузашта раиси маҷлисро иваз карда буданд.

Дар рафти вохӯрӣ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев раиси маҷлиси тозаинтихобшуда Достонбек Ҷумабековро ба муносибӣати интихоб шуданаш ба симати масъул муборакбод гуфт ва барояш муваффақиятҳо таманно кард. Ҳамин тавр раисҷумҳур ба Достон Ҷумъабеков китоби Қуръонро ҳадя кард ва гуфт, "имрӯзҳои муборизаи мардум барои истиқлол идома дорад".

Отамбоев изҳори умедворӣ кард, ки фаъолияти маҷлис боиси рушди устувори низоми сиёсии кишвар хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар рафти сафари кориаш ба ноҳияи Балҷувон ба ду духтари тоҷик қалам ва соаташро тақдим карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон дар назди сокинон сухаронӣ кард. Тавре дар наворе, ки дар шабакаи Ютуб нашр шуд, дида мешавад, раисҷумҳур бо сокинон пас аз суханронӣ мулоқоте оростааст.

Дар рафти сӯҳбат кишвардори Тоҷикистон аз танзиму анъна ва нафъи он ба мардум ёдовар мешавад. Пас аз ин чанд духтари балҷувонӣ дар назди Эмомалӣ Раҳмон баромад мекунанду раисҷумҳуро чанд касеро аз онҳо ба наздаш даъват карда, ба яке қалам ва ба дигар соат тақдим мекунад.

307
Барчаспҳо:
Қуръони Карим, тӯҳфа, Алмосбек Отамбоев, Осиё, Қирғизистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Наздики 100 ҳазор кас дар Қазоқистон мубталои COVID - 19 шуданд

95
(Таҷдидшуда 19:36 09.08.2020)
Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Теъдоди беморони коронавируси навъи COVID - 19 дар Қазоқистон наздики 100 ҳазор нафар шуд, хабар медиҳад Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон.

Бино ба гузориши расмии ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.

"Дар кишвар 872 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст - аз ин ҳисоб 444 ҳолат бо нишонаҳо ва 428 кас бе нишона қайд шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр то нисфирӯзии 9 август, шумораи умумии маризони коронавирус то 98,7 ҳазор кас расид.

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Тибқи иттилои манбаъ, пизишкон дар давоми ҳамагирии коронавирус тавонистанд беш аз 72 ҳазор касро табобат кунанд. 

Аз фардо дар Бухоро маҳдудиятҳои карантинӣ бардошта мешавад

Дар баробари ин аз аввали моҳи август дар кишвар 12 110 ҳолат сабт шудааст, ки нишонаҳояш ба бемории коронавирус монанд аст.

95
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

178
(Таҷдидшуда 15:45 09.08.2020)
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори дақиқи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон беш аз 30 ҳазор кас гирифтори маризии COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 738 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст.

"То 9 август дар ҳудуди Ӯзбекистон 30 197 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон афзуда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус ба 190 нафар расид.

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Дар баробари ин дар Ӯзбекистон беш аз 21,3 ҳазор кас аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

 

Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID - 19 дар бадани як мусофир, ки аз Фаронса омада буд, дарёфт гардид.

Пас аз гирифторӣ ба коронавирус кадом витаминҳоро бояд истеъмол кард?: посухи табиб

Дар Ӯзбекистон то 15 август карантин ҷорӣ гардидааст.

178
Барчаспҳо:
маризон, беморон, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

0
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

0
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия