Ҳуруфоти литиниасос

Қазоқистон аз соли 2025 ба хатти лотинӣ мегузарад

55
(Таҷдидшуда 10:26 28.10.2017)
Алифбои тозаи кишвар дар асоси ҳуруфоти лотинӣ аз 32 ҳарф иборат аст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ таҳия шудааст. Дар ин бора дар сомонаи раисмии раисҷумҳури Қазоқистон фармони вижа мунташир шудааст.

Мувофиқи дастури раисҷумҳур ҳукумати Қазоқистон вазифадор шуд, ки барои гузаштан ба алифбои лотинӣ комисияи миллӣ таъсис диҳад. Алифбои тозаи кишвар дар асоси ҳуруфоти лотинӣ аз 32 ҳарф иборат аст.

Проект единого стандарта казахского алфавита на латинской графике
Проект единого стандарта казахского алфавита на латинской графике

Нурсултон Назарбоев ҳанӯз моҳи январи соли 2017 дастур дода буд, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ алифбои нави қазоқиро то охири сол таҳия кунанд. Қарор аст, то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ба лотинӣ баргардон шаванд.

Қазоқистон наздики 80 сол пеш ба ҳуруфи сирилик гузашта буд. Соли 1929 ҳукумати шуроҳо алифбои арабиасоси қазоқҳоро нахуст ба ҳуруфи лотинӣ ва баъдан (соли 1940) ба хати сирилик баргардонд.

55
Барчаспҳо:
алифбо, фармон, Нурсултон Назарбоев, Осиё, Қазоқистон